20 “сейв”-и Андрей Василевский пирӯзии «Тампа»-ро бар «Лос-Анҷелес» таъмин намуд

20 “сейв”-и Андрей Василевский пирӯзии «Тампа»-ро бар   «Лос-Анҷелес» таъмин намуд

Имрӯз, 10-уми январ «Тампа-Бей Лайтнинг» дар майдончаи хеш «Лос-Анҷелес Кингз»-ро дар доираи бозии чемпионати даврии лигаи Миллии Хоккей (ЛМХ) дар маҷмааи варзишии «Амали-Арена» бо ҳисоби 3:2 (0:0, 0:2, 2:0, 1:0 — ОТ) шикаст дод.

Дар ҳайати «Кингз» муаллифи гӯйҳои партофташуда Филлип Дано ва Мэтт Рой гардиданд.

 

Аз тими «Тампа» муаллифи голҳо Тайлер Мотт, Брэндон Хагел ва Ник Пербикс шуданд. Дарвозаи дастаро дарвозабони россиягӣ Андрей Василевский ҳимоя мекард, ки 20 сейв (90.91%) анҷом дод.

Баъди 42 бозӣ «Тампа» дар зинаи 8-уми Конференсияи Шарқӣ бо 45 хол қарор дорад. «Кингз» бошад дар зинаи 6-уми Конференсияи Ғарбӣ бо 47 хол аз 37 бозӣ мебошад.

Дар бозии навбатӣ «Тампа» бо «Ню-Ҷерси Дэвилз» рақобат карда, «Лос-Анҷелес Кингз» бо «Флорида Пантерз» сар ба сар мешавад.

ЛМХ – чемпионати даврӣ

10-уми январи соли 2024, чоршанбе. 05:00 ДШБ

Тампа-Бэй Лайтнинг (Тампа) 3 : 2ОТ Лос-Анҷелес Кингз (Лос-Анҷелес)

0:1 Дано (Спенс, Мур) – 31:31 0:2 Рой (Фиала, Мур) – 34:30 1:2 Мотт (Эйссимонт) – 52:37 2:2 Хагел (Пербикс, Лиллеберг) – 55:39 3:2 Пербикс (Хагел) – 62:03