23 январ маросими қуръакашии қисми ниҳоии Ҷоми Осиё-2025 миёни наврасон (U-17) баргузор мешавад

23 январ дар қароргоҳи Конфедератсияи футболи Осиё маросими қуръакашии қисми ниҳоии Ҷоми Осиё-2025 миёни наврасон (U-17) баргузор мешавад. Рақибони дастаи наврасони Тоҷикистон дар марҳилаи гурӯҳӣ муайян хоҳанд шуд. Қуръакашӣ соати 12:00 ба вақти Душанбе оғоз мешавад.
Бояд гуфт, Ҷоми Осиё-2025 миёни наврасони то 17-сола аз 3 то 20 апрел дар Арабистони Саудӣ баргузор мешавад. Дастаҳое, ки ба даври чаҳорякниҳоӣ роҳ меёбанд, соҳиби роҳхати Ҷоми ҷаҳон-2025 хоҳанд шуд.
Ёдовар мешавем, ки дастаи наврасони Тоҷикистон (U-17) таҳти роҳбарии Марко Раҷини дар бозиҳои интихоби бар тимҳои Гуам (33:0), Сингапур (3:1) ва Уммон (2:0) зафар ёфта, бо касби нуҳ имтиёз дар гурӯҳи «J» мақоми аввалро касб карда, роҳашонро ба марҳилаи ниҳоии мусобиқа ҳамвор карда буд.
Футболбози тоҷик Муҳаммад Назриеви 16 сола дар бозии интихобии Ҷоми Осиё -2025 миёни наврасони то 17-сола муқобили тими Гуам 14 гол зад. Ин бозӣ бо пирӯзии мунтахаби наврасони Тоҷикистон бо ҳисоби 33:0 анҷом ёфт. Ҳеҷ як бозигар дар таърих дар як бозии расмии тими миллӣ таҳти сарпарастии ФИФА ин қадар гол назадааст.
Дастоварди қаблӣ ба Арчи Томпсони австралиягӣ тааллуқ дошт. Соли 2001 Австралия дар бозии интихобии Ҷоми ҷаҳонии 2002 бар Самоаи Амрико бо ҳисоби 31:0 ғалаба кард. Томпсон онҷо 13 гол ба самар расонид. Эрлинг Ҳоланд низ, дар ҳайати мунтахаби то 20 солаи Норвегия соли 2019 ба задани 9 гол ноил шуда буд.
Ҳоло ин нишондоди Муҳаммад рекорди ҷаҳонӣ аз рӯи шумораи голҳо дар бозии байни дастаҳои миллӣ таҳти сарпарастии ФИФА мебошад. Ҳанӯз ФИФА расман инро тасдиқ накардааст.
Таркиби сабадҳо пеш аз маросими қуръакашии қисми ниҳоии Ҷоми Осиё-2025 миёни наврасон (U-17) :
Сабади 1: Арабистони Саудӣ (мизбон), Ҷопон, Кореяи Ҷанубӣ, Эрон.
Сабади 2: Австралия, Яман, Ӯзбекистон, Тоҷикистон.
Сабади 3: Таиланд, Ветнам, Уммон, Афғонистон.
Сабади 4: Чин, Индонезия, Кореяи Шимолӣ, АМА