24 мураббӣ соҳиби литсензияи “С” мешаванд

24 мураббӣ соҳиби литсензияи “С” мешаванд

Дар асоси нақшаи Депортаменти техникии Федератсияи футболи Тоҷикистон ва Федератсияи футболи вилояти Хатлон дар шаҳри Бохтар курси омӯзишӣ-таълимӣ барои гирифтани иҷозатномаи мураббигии “С” баргузор шуда истодааст.

Омӯзиши курс дуҳафта идома ёфта, машғулиятҳои назариявӣ ва амалиро дар бар мегирад, ки дастурдиҳандаи Конфедератсияи футболи Осиё Игамбердиев Боир ва ёрдамчии дастурдиҳанда Аслиддин Ҳабибуллоев ба ширкаткунандагон кори мураббигиро меомӯзонанд. Машғулиятҳои амалӣ ҳамарӯза дар варзишгоҳи «Пахтакор»-и шаҳри Бохтар гузашта истодааст. Ширкаткунандагон дар фарҷоми семинар дар ҳолати пурра супоридани тамоми имтиҳонҳо соҳиби сертификат оид ба мураббигии дараҷаи "С" мегарданд.

Мавриди зикр аст, ки дар ин курс 24 нафар аз минтақаи Бохтар - Эҳсон Бобоев, Қаюм Бобоназаров, Мирзохоҷа Атоев, Парвиз Дурвешов, Бахтиёр Нематов, Умедҷон Рахимов, Шуҳрат Раҳмонов, Ҳикматулло Саидов, Маҳмадбек Саймуддинов, Толибҷон Темуров, Азамат Ҳамроқулов, Собирдҷон Холматов, Умедҷон Шарифзода, Шакарҷон Эркабоев, Алӣ Бобоёрзода, Иброҳим Валиев, Далер Қодиров, Солехҷон Аминов, Гуландом Буриева, Қурбонгул Қурбонова, Мулкия Рустамзода, Нишона Саидова, Масоатхон Шарофова ва Мехрангез Шарифова шомил мебошанд. Ҳамчунин, дар назар аст, ки чунин омӯзиш дар минтақаи Кӯлоб низ баргузор мегардад. 

Хадамоти матбуотии Федератсияи

футболи вилояти Хатлон