27 бозӣ мешавад, ки “Байер” бо Хаби Алонсо шикастнопазир аст

27 бозӣ мешавад, ки “Байер” бо Хаби Алонсо шикастнопазир аст

Сармураббии дастаи «Байер» - Хаби Алонсо дар бораи пешсафи дастааш дар ҷадвали Бундеслига сухан гуфт. Дар бозии даври 15-уми Бундеслига дастаи «Байер» дар майдони худ тими «Айнтрахт»-и Франкфуртро бо ҳисоби 3 бар 0 шикаст дод.

«Беҳтар аст, ки мо дар ҷои аввал дар ҷадвал қарор дорем. Дар нимаи аввал бо “Айнтрахт” –и Франкфурт бозӣ осон набуд, мо бозиро ба таври беҳтарин оғоз накардем, рақиб хуб бозӣ кард.

Мо дар вакти танаффус сухбат кардем ва нихоят беҳтар шудем. Дар қисми дуюм мо бозиро назорат карда, футболи хуб нишон додем. Мо хурсандем. Ин маҳз ҳамон чизест, ки мо мехоҳем», - аз суханони Алонсо иқтибос овардааст сомонаи расмии Бундеслига.

Ёдовар мешавем, ки ҳоло дастаи “Байер” зери роҳнамоии Хаби Алонсо дар ҷадвали Бундеслигаи Олмон бо 39 имтиёз пешсаф аст. Даста зери роҳнамоии Хаби Алонсо дар мавсими имсола то ҳанӯз мувоҷеҳи шикаст нашудааст. 27 бозӣ мешавад, ки дар тамоми мусобиқаҳо “Байер” шикастнопазир аст.