29:0! ҲАБИБ РАҚИБАШРО БУҒӢ КАРД

29:0! ҲАБИБ РАҚИБАШРО БУҒӢ КАРД

Дар “Ҷазираи муҳорибаҳо”-и шаҳри Абу-Дабии АМА мусобиқаи муҳорибаҳои тан ба тан UFC 254 хотима ёфт. Рақобати марказӣ ва асосии ин набард вохӯрии ду қаҳрамони муваққатии сайёра Ҳабиб Нурмагомедов ва Ҷастин Гэтжи ба шумор мерафт. Раунди аввал барои амрикоӣ хуб оғоз шуд. Ҷастин дар рафти раунди якум якчанд лоу-кик анҷом дода нагузошт ки рақиб ба ӯ ҳамла кунад. Дар раунди дуюм Ҳабиб пурра ба ҳамла гузашта дар як лаҳза кори ин амрикоибачаро ҳалу фасл кард. Ҳамин тавр “Уқоби русӣ” маротибаи сеюм пай дар пай камарбанди қаҳрамонии UFC-ро дар вазни сабук ҳифз кард. Қаблан ӯ ду камарбанди дигарро аз Конор Макгрегор ва Дастин Порйе гирифта буд. Хотиррасон мекунем, ки Ҳабиб 29 вохӯрӣ анҷом додааст, ки дар ҳамаашон пирӯз шудааст.