3 медали варзишгарони тоҷик дар “Гран-Прии Самбо” дар Уфа

3  медали варзишгарони тоҷик дар “Гран-Прии Самбо”  дар Уфа

Варзишгарони тоҷик дар мусобиқоти байналмилалии «Гран-прии самбо», ки рӯзҳои 16-17-уми сентябр дар шаҳри Уфаи Бошқирдистон баргузор шуд, се медал (ду нишони нуқра ва як биринҷӣ) ба даст оварданд.

Анушервон Назарзода дар риштаи самбои варзишӣ миёни мардон дар вазни 58 кило барои ҷои дуюм бо медали нуқра сарфароз гашт. Ӯ дар рақобати ниҳоӣ аз Алберт Монгуш (Русия) шикаст хӯрд.

Самбои варзишӣ

Мардон

Вазни 58 кг

1. Алберт Монгуш (Русия)

2. Анушервон Назарзода (Тоҷикистон)

3. Акжол Болтабоев (Қазоқистон

3. Данир Шамсуддинов (Русия)

Паҳлавони дигари тоҷик Умедҷон Муҳиддинов дар риштаи самбои размӣ дар вазни 71 кило медали нуқра гирифт. Ӯ дар финал аз Шариф Кушаев (Ӯзбекистон) ноком шуд.

Самбои размӣ

Вазни 71 кг

1. Шариф Кушаев (Узбекистон)

2. Умедҷон Муҳиддинов (Тоҷикистон)

3. Шаҳбози Нозимзода (Русия)

3. Абдулқодир Фаттоҳов (Русия)

Медали биринҷӣ дар самбои размӣ дар вазни 79 кило насиби паҳлавони тоҷик Субҳон Мирзомуродзода гардид.

Самбои размӣ

Вазни 79 кг

1. Рим Хазиахметов (Русия)

2. Кирилл Сёмин (Русия)

3. Субҳон Мирзомуродзода (Тоҷикистон)

3. Шариф Кудавасов (Русия)

Мусобиқа дар Маркази омодагии варзишии ба номи Рима Баталова бо ширкати ҳудуди 170 варзшгар аз Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия, Тоҷикистон, Узбекистон ва ғайра аз рӯи 21 вазн (самбои варзишӣ 7 вазн миёни мардон, 7 вазн миёни занон ва самбои размӣ 7 вазн байни мардон) доир гардид. Аз ҳафт варзишгари тоҷик се нафар медал гирифтанд.

Варзишгарони рус дар 18 вазн ғолиб шуданд. Дар ду вазн паҳлавонони узбек Шариф Кушаев (71 кило) ва Ислом Носиров (+98 кило) дар риштаи самбои размӣ бо медалҳои тилло сарфароз гаштанд. Дар як вазн – то 80 кило - намояндаи Беларус Карина Шут - дар риштаи самбои варзишӣ миёни занон мақоми аввалро касб кард.