30-юми июл дар таърих

30-юми июл дар таърих

88 сол қабл, 30 июли соли 1932, дар варзишгоҳи олимпии шаҳри Лос Анҷелес (ИМА) маросими ифтитоҳи 10-ум Бозиҳои Олимпиада сурат гирифт, ки то 14 август идома ёфт. Он замон ҷаҳонро ҳолати буҳрони иқтисодӣ фаро гирифта буд ва бисёри кишварҳо натавонистанд варзишгаронашонро ба ИМА фиристанд.

Президенти онвақтаи ИМА Ҳерберт Ҳувер дар бозиҳо ширкат накард ва бозиҳоро ноиби президент Чарлз Кёртис кушода эълон намуд. Ин ҳодиса дар таърихи бозиҳо нодир аст. Дар Бозиҳои олимпии Лос Анҷелес 1332 варзишгар аз 37 давлати ҷаҳон ширкат ва аз рӯи 14 намуди варзиш миёни ҳам рақобат карданд.

Иштван Пелле аз Маҷористон дар намуди гимнастикаи варзишӣ 4 медал - 2 медали тилло, 2 нуқра ба даст оварда, қаҳрамони бозиҳо гардид, Милдред Дидриксон аз ШМА дар намуди варзиши сабук 3 медал - 2 тилло, 1 нуқра, Эддӣ Толан низ аз ШМА дар намуди варзиши сабук 2 медали тилло ба даст оварданд.