343 медали варзишгарони тоҷик дар мусобиқаҳои ҷаҳонӣ дар соли 2023

Имрӯз, 28-уми декабр Паёми Асосгузори сулҳи ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии ҷумҳурӣ» дар толори калони «Кохи Сомон»-и Бӯстонсаройи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардида истодааст.
Доир ба соҳаи варзиш ва ҷавонон дар Паёми солонаи хеш Пешвои муаззами миллат чунин ибрози назар карданд:
“Таъмин намудани рушди соҳаи варзиш яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии ҳукумати мамлакат буда, ҳадафи он оммавигардонии варзиш , таҳкими тарзи ҳаёти солим, мусоидат намудан ба омодасозии варзишгарони касбии тоҷик барои иштирок дар мусобиқаҳои сатҳи ҷумҳуриявию байналмилалӣ мебошад.
Иштироки фаъоли ҷавонони мо ва пирӯзии онҳо дар мусобиқаҳои сатҳи байналмилалӣ бешубҳа ба болоравии обурӯи кишварамон мусоидат мекунад.
Танҳо соли 2023 варзишгарони Тоҷикистон аз мусобиқаҳои сатҳи байналмилалӣ 343 медал , аз ҷумла 108 тилло, 76 нуқра ва 159 биринҷӣ ба даст оварданд, ки нисбат ба соли 2022, 226 медал зиёд мебошад.”
Инчунин қайд карда шуд, ки “Аз 1-уми июли соли 2024 маоши вазифавии кормандони мақомоти ҳокимият ва идоракунии давлатӣ, муассисаҳои маориф, илм, фарҳанг, варзиш, тандурустӣ, муассисаҳои соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ, дигар ташкилотҳои соҳаи иҷтимоӣ ва буҷетӣ инчунин стпендияҳо 40 фоиз зиёд карда шавад”
Ҳамчунин, соли 2024 - “Соли маърифатӣ ҳуқуқӣ” эълон карда шуд.