4 гол дар бозии “Бавария” ва “Байер” зада шуд

Бозии даври 4-уми Бундеслигаи Олмон, ки дар он «Бавария»-и Мюнхен дар майдони худ «Байер»-и Леверкузенро қабул кард, ба анҷом расид. Бозӣ дар варзишгоҳи “Алянс Арена”-и шаҳри Мюнхен баргузор шуда, бо ҳисоби мусовии 2 бар 2 анҷом ёфт.
“Бавария” дар ин бозӣ дар дақиқаи ҳафтум ҳисобро боз кард. Голи чаҳорум дар чемпионати Олмон ва 300-умини голи худро дар корномаи бошгоҳиаш Ҳарри Кейн ба самар расонид. Дар дақиқаи 24-ум ба меҳмонон муяссар шуд, ки бо голи Алехандро Грималдо аз зарбаи ҷаримавӣ ҳисобро баробар кунанд.
Голҳои боқимондаро футболбозони ҳар ду тим дар даҳаи охири бозӣ ба самар расониданд. Леон Горетска аз ҳайати “Бавария” ва Эсекиэл Паласиос аз ҳайати “Байер” муаллифӣ ин голҳо шуданд.
Натиҷаи ин бозӣ тақдири пешсафи ҷадвали мусобиқаро ҳал мекард, лек бозӣ мусовӣ анҷом ёфту дастпарварони Хаби Алонсо бо 10 имтиёз ва таносуби тӯбҳо дар садри ҷадвали мусобиқа боқӣ монданд. “Бавария” ҳам бо 10 имтиёз дар мавқеи дуюм аст.