4 гол дар бозии “Тоттенҳэм” ва “Рома” ғолибро муайян накард

4 гол дар бозии “Тоттенҳэм” ва “Рома” ғолибро муайян накард

Дар доираи бозиҳои даври панҷуми марҳилаи умумии гурӯҳӣ дар Лигаи Аврупо дастаҳои “Тоттенҳэм” ва “Рома” ба ҳам омаданд. Вохӯрии дастаҳо дар варзишгоҳи “Тоттенҳэм Ҳотспур”-и шаҳри Лондон дар ҳузури 53 378 нафар мухлис баргузор гардида, бо ҳисоби мусовии 2 бар 2 анҷом ёфт.

Ҳисобро дар ҷараёни вохӯрӣ Сон Хин Мин аз ҳайати “Тоттонҳэм” дар дақиқаи 5-уми бозӣ аз зарбаи пеналтӣ боз кард. Бо гузашти 15 дақиқа аз ҳайати “Рома” Еван Н’Дика аз паси головари Пауло Дибала истифода карда, ҳисобро баробар намуд.

Дар дақиқаи 22-юми бозӣ Стефан Эл-Шааравии 32 сола аз ҳайати “Рома” гол зад, лек VAR бинобар ҳолати нобозӣ голро ба эътибор нагирифт.

Аз ҳайати тими мизбон Бреннан Ҷонсон дар дақиқаи 33-юми бозӣ аз паси голбахши Деян Клушевски истифода карда, “Тоттенҳэм”-ро дар ҳисоб ба пеш баровард ва дастаҳо ба танаффус рафтанд.

Дар дақиқаи 55-уми бозӣ VAR бинобар ҳолати нобозӣ боз як голи “Рома”-ро бекор кард. Голро Артём Довбик марбути номи хеш карда буд.

Аз ҳайати “Рома” дар дақиқаи 90+1-уми бозӣ Матс Ҳуммелси 35 сола бо голаш ҳисобро баробар намуд. Паси головар ба номи Анхелино сабт карда шуд.

Пас аз натиҷаи мусовӣ “Тоттенҳэм” бо 10 имтиёз дар зинаи 9-ум аст. “Рома” бо 6 имтиёз дар зинаи 21-ум мавқеъ гирифтааст. “Латсио” бо 13 имтиёз пешгоми ҷадвали мусобиқа мебошад.