4 медали муштзанҳои тоҷик дар Чемпионати Осиёи наврасон -2026
Аз 1-ум то 15-уми майи соли 2026 шаҳри Тошканди Ӯзбекистон мизбони Чемпионати Осиё оид ба бокс гардид. Дар мусобиқа муштзанҳои соли таваллуди 2012/13 ва 2010/11 дар 2 категорияи вазнии 15 ва 17 солаҳо иштирок намуданд. Дар категорияи 15 солаҳо дар 15 вазн ва дар категорияи 17 солаҳо дар 13 вазн рақобатҳо доир шуданд.
Дар мусобиқа беш аз 500 муштзан аз 26 кишвар ширкат варзиданд. Тоҷикистонро дар мусобиқаи мазкур 20 муштзан муаррифӣ намуда, ба гирифтани 4 медал ноил шуданд.
Миёни муштзанҳои то 15 сола Тоҷикистонро Расул Каримов (33 кг) , Муҳаммад Файзуллоев (35 кг), Муҳаммад Қодиров (37 кг), Муҳаммад Фозилов (55 кг), Муҳаммад Сулаймонов (58 кг), Абдулло Ҳабибов (70 кг), Ҷабраил Нуралиев (40 кг), Умарҷон Иброҳимов (49 кг), Фуруғ Сарҳадзода (60 кг) ва Азизахон Бобоҷонова (52 кг) муаррифӣ намуданд. Дар ин синну сол Азизахон Бобоҷонова (52 кг) ва Муҳаммадҷон Сулаймонов (58 кг) барандагони медалҳои биринҷии шуданд.
Миёни муштзанҳои то 17 сола Тоҷикистонро Анӯшервон Сидиқов (46 кг), Фирӯзҷон Бойматов (48 кг), Қосим Мирзоев (50 кг), Абдураҳим Шарипов (66 кг), Дамир Назаров (52 кг), Алӣ Назаров (60 кг), Беҳрӯз Умаров (54 кг), Беҳрӯз Охунов (57 кг), Ҳамза Раҳимов (63 кг) ва Рӯзибек Миравотов (70 кг) муаррифӣ намуданд.
Анӯшервон Сидиқов қаҳрамони Осиё миёни наврасон дар вазни 46 кг шуд. Дар рӯзи охири мусобиқа миёни муштзанҳои то 17 сола Анӯшервон Сидиқов дар вазни 46 кг ба гирифтани медали тилло шарафёб гардид. Дар финали мусобиқа Анӯшервон бар намояндаи Ӯзбекистон - Абдуллоҳ Нуралиев зафар ёфт. Ин дуюмин унвони қаҳрамонӣ барои Анӯшервон дар Осиё ба ҳисоб меравад.
Беҳрӯз Умаров қаҳрамони Осиё миёни наврасон дар вазни 54 кг гардид. Дар рӯзи охири мусобиқа Беҳрӯз Умаров дар вазни 54 кг ба гирифтани медали тилло ноил шуд. Дар финали мусобиқа Беҳрӯз бар намояндаи Ӯзбекистон - Абдулбосит Юрсунбоев зафар ёфт.
Ёдовар мешавем, ки дар мусобиқа мураббиҳо Эмомалӣ Малаев ва Сидхоҷа Мамуров ҳидоятгари ҳайати мунтахаби бокси Тоҷикистон буданд.