4 медали ҷудокорони тоҷик дар мусобиқаи Dushanbe Grand Slam 2026

4 медали ҷудокорони тоҷик дар мусобиқаи Dushanbe Grand Slam 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мусобиқаи Dushanbe Grand Slam 2026 ба анҷом мерасад. Дар мусобиқаи мазкур 240 ҷудокори 34 кишвари ҷаҳон ширкат варзиданд. Тоҷикистонро 40 ҷудокор муаррифӣ карда, ба гирифтани 4 медал ноил шуданд.

Дар рӯзи якуми мусобиқа паҳлавонҳои тоҷик Эмомалӣ Нуралӣ медали тилло ва Лоиқ Қутбуддинов медали биринҷӣ гирифтанд.

Эмомалӣ Нуралӣ дар вазни то 66 кг соҳиби медали тилло шуд. Эмомалӣ дар роҳ ба финал Дилшодбек Баротови ӯзбек, Ислом Раҳимови озарбойҷонӣ ва Герман Кобетси русро шикаст дод. Дар финал Эмомалӣ бар Азизбек Ортиқови ӯзбек ғалаба карда, соҳиби медали тилло шуд.

Барои паҳлавони тоҷик ин тиллои чаҳорум дар мусобиқаҳои Гранд Слам маҳсуб мешавад. Соли гузашта, низ Эмомалӣ дар мусобиқаи Гранд Слами Душанбе медали тилло гирифта буд. Инчунин, ду медали дигари тиллоро Эмомалӣ дар мусобиқаҳои Гранд Слами Тошканд соҳиб шудааст.

Лоиқ Қутбуддинов дар вазни то 60 кг медали биринҷӣ гирифт. Қутбуддинов дар даври аввал озод буда, дар даври ҳаштякниҳоӣ бар Суҳбат Бямбасурени мағул ва дар даври чаҳорякниҳоӣ Алжан Нуродили қазоқро шикаст дод ва дар даври нимниҳоӣ аз Аюб Блиеви рус мағлуб шуд. Дар мубориза барои нишони биринҷӣ Лоиқ бар Максим Мерлини фаронсавӣ зафар ёфт. Барои паҳлавони 18 солаи тоҷик ин аввалин медал дар мусобиқаҳои “Тоскулоҳи бузург”-и ҷудо маҳсуб мешавад.

Ҳамчунин, дар рӯзи аввали мусобиқа паҳлавонҳои дигари тоҷик Икром Шамсов (-60 кг), Меҳрзод Суфиев (-60 кг), Рамзиддин Азизов (-60 кг), Мусаниф  Миробов (-66 кг), Обид Ҷебов (-66 кг), Искандар Маҳмадхоҷазода (-66 кг), Аҳлия Муъминова (-48 кг), Нушин Ҷумаева (-48 кг), Марям Назарова (-48 кг), Суҳайло Сафарзода (-52 кг), Мадина Қурбонзода (-52 кг), Зуҳал Ҷумаева (-52 кг), Райҳона Розиқзода (-52 кг), Раҳмия Ханҷарбекова (-57 кг) ва Сабина Каримова (-57 кг) ҳунарнамоӣ карда, бе медал мусобиқаро ба анҷом расониданд. Александра Кан (-57 кг) бинобар зиёд будани вазн дар мусобиқа баромад накард.

Дар рӯзи дуюми мусобиқа Муҳиддин Асадуллоев ва Сомон Маҳмадбеков ба гирифтани медалҳои тилло ноил шуданд. Масъуди Аҳмадзод ва Сунатулло Мӯсоев мақоми панҷумро ишғол намуданд.

Муҳиддин Асадуллоев дар вазни то 73 кг дар даври аввал озод буда, дар даври дуюм Карим Абдуллоев аз АМА-ро шикаст дод. Дар марҳилаи чаҳорякниҳоӣ Асадуллоев бар Иноят Телманов аз Ӯзбекистон ғолиб омада, дар даври нимниҳоӣ Рашид Мамадалиев аз Озарбойҷонро шикаст дода, ба финал баромад. Дар финал Муҳиддин бо Карен Галстиан аз Русия нерӯсанҷӣ карда, ғолиб омад ва соҳиби нишони тилло гардид. Барои паҳлавони 20 солаи тоҷик ин тиллои дуюм дар мусобиқаҳои “Тоскулоҳи бузург”-и ҷудо маҳсуб мешавад.

Сомон Маҳмадбеков дар вазни 81 кг ба гирифтани медали тилло ноил шуд. Маҳмадбеков дар роҳ ба финал ғалабаро бар Таулан Байсиеви рус, Аскар Наркулови қазоқ ва Дҷало Алфа Оумари фаронсавӣ ба даст овард. Дар финал Сомон бар Барнд Фашинг аз Австрия ғолиб омада, соҳиби нишони заррини мусобиқа гардид. Барои паҳлавони 27 солаи тоҷик ин тиллои сеюм дар мусобиқаҳои “Тоскулоҳи бузург”-и ҷудо маҳсуб мешавад. Соли гузашта, низ Сомон дар мусобиқаи Гранд Слами Душанбе медали тилло гирифта буд.

Ҳамчунин, дар рӯзи дуюми мусобиқа паҳлавонҳои дигари тоҷик Бинёмин Назиров (-73 кг), Абдуллои Ориф (-73 кг), Масъуди Аҳмадзод (-73 кг), Абубакр Боқиев (-81 кг), Сунатулло Мусоев (-81 кг), Бахтиёр Бозоров (-81 кг) ва Ҷонона Назарова (-63 кг) ҳунарнамоӣ карда, бе медал мусобиқаро ба анҷом расониданд.

Тоҷикистон пас аз рӯзи дуюми мусобиқаи Dushanbe Grand Slam 2026 зинаи аввалро аз ҳисоби медалҳо ишғол кард. Ҷудокорони тоҷик пас аз рӯзи дуюми мусобиқа 3 медали тилло ва 1 медали биринҷӣ ба даст оварданд.

Дар рӯзи охири мусобиқа Тоҷикистонро Туйчибек Шарипов (-90 кг), Муҳаммадҷон Абдуҷалилзода (-90 кг), Умедҷон Раҷабов (-90 кг), Саидраҳим Раҳимов (-90 кг), Ҷаҳонгир Маҷидов (-100 кг), Муҳсин Малаев (-100 кг), Абдулаҳад Маҷидов (-100 кг), Сомонӣ Кишваров (-100 кг), Парвиз Абдураҳмонов (-100 кг), Умар Муносибов (+100 кг), Мансур Раҳмон (+100 кг), Муҳаммадрасул Давлатов (+100 кг) ва Виктория Киселёва (+78 кг) намояндагӣ карда, бе медал мусобиқаро ҷамъбаст намуданд.

Ҷадвали медалҳои мусобиқа пас аз рӯзи охир  


Ёдовар мешавем, ки соли гузашта дар мусобиқаи Dushanbe Grand Slam 2025 ҷудокорони тоҷик ба гирифтани 11 медал ноил шуда буданд. Дар мусобиқа 226 ҷудокор аз 27 кишвари ҷаҳон ширкат варзиданд. Аз ҳисоби медалҳо Тоҷикистон бо 11 медал, 4 тилло, 3 нуқра ва 4 биринҷӣ ҷои аввалро миёни 27 кишвари иштирокчӣ ишғол намуд. Ин нишондоди таърихи барои ҷудои тоҷик ва шаҳодат аз рушди ин риштаи варзиш дар Тоҷикистон дарак дода буд.

Дар мусобиқаи соли гузашта, медалҳои тиллоро Эмомалӣ Нуралӣ (-66 кг), Муҳиддин Асадуллоев (-73 кг) , Сомон Маҳмадбеков (-81 кг) , Темур Раҳимов (+100 кг), медалҳои нуқраро Меҳрзод Суфиев (-60 кг) , Обид Ҷебов (-66 кг), Ҷаҳонгир Маҷидов (-100 кг) ва медалҳои биринҷиро Мадина Қурбонзода (-52 кг), Ёсин Бобокалонов (-66 кг), Абубакр Шеров (-73 кг) , Кароматулло Ҳакимов (-100 кг) барои Тоҷикистон соҳиб шуда буданд.

Ҳама ғолибони мусобиқаи Dushanbe Grand Slam 2026

Миёни бонувон

Вазни -48 кг

1.Анудари Ҷамсран (Муғулистон)

2.Амбер Герсйес (Нидерланд)

3.Хинран Хию (Чин)

3.Венна Жуанг (Чин)

Вазни -52 кг

1.Одетте Гуиффрида (Италия)

2.Калета Александра (Полша)

3.Мйагмарсурен Нандин-Эрдене (Муғулистон)

3.Перна Кеня (Италия)

Вазни -57 кг

1.Олга Мухина (Русия)

2.Тербиш Ариунзая (Муғулистон)

3.Наталия Элкина (Русия)

3.Тао Юйуинг (Чин)

Вазни -63 кг

1.Болд Ганхайч (Муғулистон)

2.Лхагватогу Энхрилен (Муғулистон)

3.Сейккула Луна-Люмия (Финландия)

3.Пиовезана Любяна (Австрия)

Вазни -70 кг

1.Ковалевска Александра (Полша)

2.Поллерес Мичаэла (Австрия)

3.Педротти Ирен (Италия)

3.Эме Клеменс (Фаронса)

Вазни -78 кг

1.Йелюзавета Лютвюненко (АМА)

2.Йаел Ван Ҳимст (Нидерланд)

3.Марит Кампс (Нидерланд)

3.Александра Риабченко (Русия)

Вазни +78 кг

1.Асюа Тавано  (Италия)

2.Ҷинесинуер Айиман (Чин)

3.Ниу Хинран (Чин)

3.Мария Иванова (Русия)


Миёни мардон

Вазни -60 кг

1. Аюб Блиев (Русия)

2.Артём Лесиук (Украина)

3.Лоиқ Қутбуддинов (Тоҷикистон)

3.Нуродил Алжан (Қазоқистон)

Вазни -66 кг

1. Эмомалӣ Нуралӣ (Тоҷикистон)

2.Азизбек Ортиқов (Ӯзбекистон)

3.Герман Кобетс (Русия)

3.Яго Абуладзе (Русия)

Вазни -73 кг

1. Муҳиддин Асадуллоев (Тоҷикистон)

2. Карен Галстиан (Русия)

3.Рашид Мамадалиев (Озарбойҷон)

3.Данил Лаврентев (Русия)

Вазни -81 кг

1.Сомон Маҳмадбеков (Тоҷикистон)

2.Бернд Фашинг (Австрия)

3.Ҷало Алфа Oумар (Фаронса)

3.Виктор Стерпу (Молдова)

Вазни -90 кг

1.Мансур Лорсанов (Русия)

2.Зеодорос Тселидис (Юнон)

3.Адам Копеский (Чехия)

3.Михаил Латисев (Молдова)

Вазни -100 кг

1.Фачун Ҳуанг (Чин)

2.Адам Сангариев (Русия)

3.Олексий Йершов (Украина)

3.Вадим Чимбовсчи (Молдова)

Вазни +100 кг

1.Якуб Сордюл (Полша)

2.Бислан Катамардов (Русия)

3.Ҷамол Ғамзатхонов (Озарбойҷон)

3.Ушанги Кокаури (Озарбойҷон)