4 пеналти ва 4 гол дар бозии марказии даври 33-юм

4 пеналти ва 4 гол дар бозии марказии даври 33-юм
Дастаи "Барселона" дар даври 33-юми чемпионати Испания дар "Камп Ноу" тими "Атлетико Мадрид"-ро пазируфт. Натиҷаи ин бозӣ, ки гуфта мешуд дар пойгаи қаҳрамонӣ барои "нилунориҳо" аҳамияти калон дорад, бо ҳисоби 2:2 ба поён расид. Дар 20 дақиқаи аввали дидор тамошобинон шоҳиди 2-зарбаи 11-метра ва ду гол шуданд. Саравал баъди партоби капитани мизбонон дар дақиқаи 11-ум Диего Коста ногаҳон тӯбро ба даруни дарвозааш зад, вале пас аз чанд лаҳза Видал, Янник Карраскоро дар ҷаримагоҳ аз пой афтонид ва довар ба нуқтаи 11-метра ишора кард, аммо зарбаи задаи Коста, ки онро Тер Штеген баргардонид, ҳисоб карда нашуд. Дар ҳолати такрор чунин намуд, ки дарвозабони олмонӣ аз хати дарвоза берун баромадааст. Ниҳоят дар кӯшиши дуюм Саул Нигес таносубро баробар кард. Дар оғози қисми дуюм ҳам баъди бархурда Семеду ва Фелиппе довар ба дарвозаи "Атлетико" ҷаримаи 11-метра таъин намуд. Онро Лео Месси бо услуби зебои иҷроиш ба ҳадаф расонид ва голи 700-умашро дар фаъолияти футболбозӣ ҷашн гирифт. Дар дақиқаи 62-юм боз як ҳодисаи аҷиб бо иштироки Карраско рух дод, ки доварро маҷбур намуд то боз пеналти таъин намояд. Саул аз ин фурсат истифода кард ва ҳисобро 2:2 намуд. "Барселона" ҳамакнун бо 70-хол баъди "Реал", ки ҳоло бозиашро баргузор накардааст, дар ҷойи дуюм қарор гирифт. "Атлетико" бо 59-хол дар ҷойи 3-юм аст