4 шоҳмотбози ҳиндӣ ба даври ¼-ниҳоии Ҷоми Ҷаҳон роҳ ёфтанд

4 шоҳмотбози ҳиндӣ ба даври ¼-ниҳоии Ҷоми Ҷаҳон роҳ ёфтанд

Ба марҳилаи чаҳорякниҳоии Ҷоми ҷаҳонии ФИДЕ - 2023 яку якбора чаҳор шоҳмотбози ҳиндӣ  Рамешбабу Праггнанандха, Гукеш Доммараҷу, Видит Гуҷрати ва Арҷун Эригайси роҳхат гирифтанд. Ҳамаи онҳо бозиҳои хешро дар шоҳмоти маъмулӣ бо пирӯзии ҳисобии 1.5/2 ҷамъбаст намуданд.

Ҳамчунин, дар марҳилаи баъдӣ Магнус Карлсен, Фабиано Каруана, Ленйер Домингес ва Нихат Аббосов рақобатро идома медиҳанд. Ян Непомняший бошад аз Видит Гуҷрати дар тай-брейк шикаст хӯрд.

Дар Ҷоми ҷаҳонии бонувон-2023  Полина Шувалова бар Нургул Салимова пирӯз шуда натавонист. Даврҳои дигар мусовӣ анҷом ёфта, Тан Чжунйи ба ниманиҳоӣ баромад. Се бозии дигар дар тай-брейк идома меёбанд.