448 медали варзишгарони тоҷик дар соли 2024

448 медали варзишгарони тоҷик  дар соли 2024

Соли 2024-ум 1126 варзишгар (354 зан) ба 82 мусобиқаи сатҳи байналмилалӣ сафарбар гардида, 448 медал (134 тилло, 108 нуқра, 206 биринҷӣ) ба даст оварданд, ки нисбат ба соли 2023-юм 87 медал зиёд мебошад.

Ин маълумотро раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Зулфиқор Гулаҳмадзода дар ҷаласаи ҳайати мушовараи ин ниҳод зикр кард.

Гуфта шуд, ки соли гузашта дар ҷумҳурӣ 11026 иншооти варзишӣ, новобаста ба шакли моликияташон, ба қайд гирифта шудааст, ки аз ин 127-тоаш варзишгоҳ, 7662 майдончаи варзишӣ, 2273 толори варзишӣ, 104 ҳавзи шиноварӣ, 89 маҷмааю марказҳои солимгардонӣ, бошгоҳои варзишӣ ва 771 иншооти махсуси варзишӣ мебошанд. 141 иншоот танҳо соли 2024 сохта шудаанд.

Кумита давоми соли 2024, дар самти рушди тарбияи ҷисмонӣ ва оммавигадонии варзиш 39161 чорабинӣ гузаронд, ки дар онҳо 3800455 нафар ширкат карданд.

Соли 2024 варзишгаронамон тавонистанд ба як қатор дастовардҳое ноил шаванд, ки дар таърихи соҳибистиқлолии Тоҷикистон бесобиқа мебошанд. Чунончӣ, бори аввал дар кишвар мусобиқаи бонуфузи байналмилалии Гранд-слами Душанбе, Чемпионати ҷаҳон оид ба ҷудо миёни ҷавонон, Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштингирӣ, Чемпионати ҷаҳон оид ба варзиши сайёҳӣ баргузор шуда, бори нахуст тими футзали кишвар дар Чемпионати ҷаҳон (Ӯзбекистон), тими футболи кишвар дар Ҷоми Осиё (Қатар) ширкат намуданд.