47 теннисбоз карантин шуданд

47 теннисбоз карантин шуданд

Намояндагони “Australian Open” тасдиқ карданд, ки 23 теннисбоз бо бемории коронавирус аз Абу-Даби ба Мелбурн парвоз карданд. Илова бар ин, ба навиштаи “Daily Mail”, коронавирус дар ҳавопаймои Лос-Анҷелес-Мелбурн ёфт шуд, ки 24 теннисбози дигар тариқи он ба Австралия сафар карданд.
Ҳамин тариқ, ҳамаи 47 теннисбоз карантин хоҳанд шуд ва ду ҳафта наметавонанд тамрин кунанд. Дар байни онҳо Светлана Кузнетсова, Виктория Азаренко, Марта Костюк, Бианка Андреску, Анжелик Кербер, Белинда Бенчич ва дигарон ҳастанд.
Мусобиқаи “Australian Open” аз 9 то 21 феврал баргузор мешавад. Қаҳрамони феълии мусобиқа Новак Ҷокович (миёни мардон) ва София Кенин (миёни занон) мебошанд.