5 голи беҷавоби “Атлетико” ба дарвозаи “Валядолид”
Бозии даври 15-уми Чемпионати Испания, ки дар он дастаҳои «Валядолид» ва «Атлетико Мадрид» вохӯрданд, ба охир расид. Дастаҳо дар варзишгоҳи «Эстадио Мунисипал Хосе Сорриллия»-и Валядолид бозӣ карданд. «Атлетико» бо ҳисоби калони 5:0 ғалаба кард.
Ҳимоягари «Атлетико» Клемен Ленгле дар дақиқаи 26-ум ҳисобро боз кард. Дар дақиқаи 35-ум Юлиан Алварес голи дуюми «Атлетико»-ро зад. Дар дақиқаи 37-ум Родриго де Пол ҳисобро ба 3-0 расонд. Дар дақиқаи 52-юм ҳамлагари «ҳиндувон» Антуан Гризманн гол зад. Дар дақиқаи 90+2-юм Александр Сёрлот голи панҷумро ба дарвозаи мизбонон ворид намуд.
«Атлетико Мадрид » аз 15 бозӣ 32 имтиёз дорад ва дар ҷадвали мавсими 2024/25-и Ла Лига дар ҷои сеюм аст. «Валядолид» бо 9 имтиёз дар зинаи 20-ум қарор дорад.