5 голи “Реал” ба дарвозаи “Залтсбург” дар ЛЧ

5 голи “Реал” ба дарвозаи “Залтсбург” дар ЛЧ

Дар доираи бозиҳои даври 7-уми марҳилаи умумии гурӯҳӣ дар Лигаи Чемпионҳо дастаҳои “Реал Мадрид” ва “Залтсбург” ба ҳам омаданд. Вохӯрии дастаҳо дар варзишгоҳи бошукуҳи “Сантяго Бернабеу”-и шаҳри Мадрид дар ҳузури 73 692 нафар мухлис доир шуда, бо ҳисоби бузурги 5 бар 1 анҷом ёфт.

Ҳисоб дар дақиқаи 23-юми бозӣ кушода шуд. Родриго аз паси головари Беллингем истифода карда, муаллифи гол гардид. Дар дақиқаи 34-уми вохӯрӣ Родриго боз аз паси Беллингем истифода карда, ҳисобро дуболо намуд.

Дар дақиқаи 48-уми вохӯрӣ Килиан Мбаппе голи сеюми “Реал Мадрид”-ро ба ҳадаф расонид. Винисиус Ҷуниор дар дақиқаи 55-ум аз паси Модрич истифода намуда, ҳисобро 4 бар 0 намуд.

Винисиус Ҷуниор дар дақиқаи 77-ум аз паси Валверде истифода карда, голи панҷуми “Реал Мадрид”-ро ба самар расонид. Ягона голи тими меҳмонро дар дақиқаи 85-ум Мадс Бидструп марбути номи хеш кард.

Бо ин ғалаба “Реал Мадрид” ҳоло бо 12 имтиёз дар зинаи 16-ум аст. “Залтсбург” бо 3 имтиёз дар зинаи 34-ум аст ва аллакай имкони роҳ ёфтан ба даври плей-оффро аз даст додааст. “Ливерпул” бо 21 имтиёз пешгоми ҷадвали мусобиқа мебошад.