5 медали муштзанони тоҷик дар мусобиқаи Х-уми байналмилалии бокс миёни ҷавонон дар Қирғизистон

Муштзанони тоҷик дар мусобиқаи Х-уми байналмилалии бокс миёни ҷавонони соли таваллуди 2007/2008 бахшида ба хотираи Раҳматуул Парпиев дар шаҳри Оши Қирғизистон ширкат варзида, ба гирифтани 5 медал ноил шуданд.
Дар мусобиқа муштзанҳои ҷавон аз Тоҷикистон, Қирғизистон, Қазоқистон, Ӯзбекистон ва Русия иштирок намуданд. Тоҷикистонро 9 варзишгар, 1 мураббӣ ва 1 довар намояндагӣ карданд.
Қаҳрамони Осиё дар соли 2024 миёни ҷавонон Билолҷон Иксанов дар вазни 54 кг ба гирифтани нишони тилло ноил шуд. Иксанов барои соҳиб шудани медали тилло муқобили Шерхан Токтомушев, Бибич Александр , Дамир Сафин зафар ёфт.
Абубакр Ҳасанзода (48 кг) ба гирифтани медали нуқра , Сӯҳроб Ҳамидов (51 кг), Даниил Фрянов (60 кг) ва Шоҳрух Шокиров (71 кг) ба гирифтани медали биринҷӣ ноил шуданд.
Довари тоҷик Хуршед Абдуллоев беҳтарин довари мусобиқа дониста шуд.
ТВ "Варзиш"