5 муштзани тоҷик дар Бозиҳои II кишварҳои ИДМ дар Беларус ба даври ниманиҳоӣ роҳ ёфтанд

5  муштзани тоҷик дар Бозиҳои II кишварҳои ИДМ дар Беларус ба даври ниманиҳоӣ роҳ ёфтанд

Бозиҳои II кишварҳои ИДМ дар 10 шаҳри Беларус миёни варзишгарони 20 мамлакати ҷаҳон аз рӯи 14 риштаи варзиш ҷараён дорад.

5 муштзани тоҷик то ба даври нимниҳоии мусобиқа роҳ ёфтанд ва имрӯз барои роҳ ёфтан ба даври ниҳоии мусобиқа талош меварзанд. Исоева Ҳангома (57 кг), Суфиҷонов Мехроҷ (48 кг), Фозилов Анӯшервон ( 51 кг), Иқсанов Бузургмеҳр (54 кг) ва Абдувалиев Акмалҷон ( 86 кг) ба даври нимниҳоии мусобиқа баромаданд.

Ғафуров Руслан ( 60 кг), Муйбалихонов Дамир ( 57 кг), Сабуров Абубакр ( 63,5 кг) ва Аҳмедов Парвиз (92 кг) дар даври аввали мусобиқа мағлуб шуда, аз идомаи рақобатҳо бенасиб монданд.

Анӯшервон Фозилов (51 кг) дар даври аввали мусобиқа Субҳон Мамедов аз Озарбойҷонро шикаст дод. Бузургмеҳр Иқсанов (54 кг) рӯзи 10-уми август дар даври нимниҳоии мусобиқа баромад мекунад. Ҳангома Исоева (57 кг) имрӯз дар даври нимниҳоии мусобиқа бо муштзани мизбон Махахай Ксеня баҳри роҳ ёфтан ба даври ниҳоии мусобиқа қувваозмоӣ мекунад. Рустамҷон Ашуров (67 кг) имрӯз дар даври чаҳорякниҳоии мусобиқа бо Санан Ҳатамов аз Озарбойҷон сабқат мекунад. Нурланбек Эрматов (75 кг) имрӯз бо Иван Родионов аз Русия сабқат мекунад. Акмалҷон Абдувалиев (86 кг) рӯзи 10-уми август бо Кирюл Дуҳар аз Белорус сабқат мекунад. Федорин Руслан (92 кг) имрӯз бо Рафаел Нииазов аз Қирғизистон баҳри роҳ ёфтан ба даври нимниҳоии мусобиқа рӯӣ ринг ба сабқат мебарояд.

Ёдовар мешавем, ки Муйбалихонов Дамир ( 57 кг) дар даври аввали мусобиқа аз Витас Ҳартсуев аз Белорус мағлуб шуда, аз идомаи рақобатҳо бебаҳра монд. Ғафуров Руслан ( 60 кг) ҳам дар даври аввал аз Маҳмадали Қосимзода аз Озарбойҷон шикаст хӯрд. Сабуров Абубакр ( 63,5 кг) бошад, аз Бобурбек Бобоҷонови ӯзбек дар даври аввал ноком гардид.