5 номзади асосии “Тӯби тиллоӣ” дар соли 2026 аз нигоҳи L’Équipe

 5 номзади асосии “Тӯби тиллоӣ” дар соли 2026 аз нигоҳи L’Équipe

Нашрияи маъруфи варзишии Фаронса L’Équipe - панҷ футболбозро ҳамчун номзадони асосии мубориза барои дарёфти ҷоизаи «Тӯби тиллоӣ»-и соли 2026 номбар кард.

Ба иттилои ин нашрия, дар рӯйхати номзадҳои асосӣ ҳамлагари «Бавария» Ҳарри Кейн, капитани «Интер Майами» Лионел Месси, вингери «Барселона» Ламин Ямал, ҳамлагари «Реал Мадрид» Килиан Мбаппе ва вингери «Пари Сен-Жермен» Усмон Дембеле қарор доранд.

Дар муқоваи нашрияи L’Équipe номи ҳамин панҷ футболбоз ҳамчун довталабони асосии ҷоиза ҷой дода шудааст.

Ёдовар мешавем, ки соҳиби феълии «Тӯби тиллоӣ» Усмон Дембеле мебошад. Ҳамлагари фаронсавӣ барои ҳифзи унвони худ дар соли 2026 мубориза мебарад.

Маросими супоридани «Тӯби тиллоӣ»-и соли 2026 рӯзи душанбеи 26 –уми октябр дар шаҳри Лондон баргузор мешавад. Ин маросим 70-умин маротиба дар таърихи ҷоиза ба ҳисоб меравад.

Ғолиби «Тӯби тиллоӣ» дар натиҷаи овоздиҳии 100 рӯзноманигор аз кишварҳои дар 100-гонаи аввали рейтинги ФИФА муайян карда мешавад.