5 ҷудокори тоҷик дар Қаҳрамонии ҷаҳон оид ба ҷудо 2026 иштирок мекунанд

5 ҷудокори тоҷик дар Қаҳрамонии ҷаҳон оид ба ҷудо 2026 иштирок мекунанд

Шаҳри Бокуи Озарбойҷон аз 4-ум то 10-уми октябр мизбони Чемпионати ҷаҳон оид ба ҷудо дар соли 2026 аст. Дар мусобиқаи бонуфузи тақвими ҷаҳонии ҷудо 622 ҷудокор аз 93 кишвар ҳунарнамоӣ хоҳанд кард.

Тоҷикистонро дар мусобиқаи мазкур 5 ҷудокор - Мадина Қурбонзода (-52 кг), Лоиқ Қутбуддинов (-60 кг), Эмомалӣ Нуралӣ (-66 кг), Муҳиддин Асадуллоев (-73 кг) ва Ҷаҳонгир Маҷидов (-100 кг) муаррифӣ мекунанд.

Бар асосӣ натиҷаи қуръкашии мусобиқа Мадина Қурбонзода (-52 кг) дар даври аввал озод буда, дар даври дуюм бо Матиа Мари Селин аз Камерун гӯштин мегирад. Лоиқ Қутбуддинов (-60 кг) дар даври аввал бо Шерзод Давлатов аз Қазоқистон нерӯ месанҷад. Эмомалӣ Нуралӣ (-66 кг) дар даври аввал озод буда, дар даври дуюм бо ғолиби ҷуфти Диего Каликс аз Салвадор ва  Ахюджан Жубатханов аз Қазоқистон гӯштин мегирад. Муҳиддин Асадуллоев (-73 кг) дар даври аввал озод буда, дар даври дуюм бо ғолиби ҷуфти Ан Ҷэҳонг аз Кореяи Ҷанубӣ ва  Саидмуҳаммад Халидов аз Украина қуввасанҷӣ хоҳад кард. Ҷаҳонгир Маҷидов (-100 кг) дар даври аввал бо намояндаи Маҷористон - Вег Жомбор гӯштин мегирад. 

Ёдовар мешавем, ки соли гузашта, дар Чемпионати ҷаҳони ҷудо дар шаҳри Будапешти Маҷористон паҳлавонҳои тоҷик соҳиби 3 медал шуда буданд. Эмомалӣ Нуралӣ (-66 кг) соҳиби медали нуқра шуд, ки аввалин дар таърихи ҷудои Тоҷикистон дар Чемпионати ҷаҳон маҳсуб мешавад. Обид Ҷебов (-66 кг) ва Темур Раҳимов (+100 кг) соҳиби медалҳои биринҷӣ шуда буданд.