500 варзишгар дар мусобиқаи кушоди шаҳри Душанбе оид ба панкратион иштирок доранд

500 варзишгар дар мусобиқаи кушоди шаҳри Душанбе оид ба панкратион иштирок доранд

Панкратион аз зумраи қадимтарин намудҳои варзиш буда, таърихи ғанӣ дорад. Дар замони соҳибистиқлолии кишвар ин риштаи размӣ дигарбора дар кишвари мо эҳё гардид. Бахшида ба рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон давоми ду рӯз чемпионати кушоди шаҳри Душанбе оид ба панкратион байни наврасон, ҷавонон ва калонсолон баргузор гардид.

Дар Маҷмааи варзишии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон чемпионати кушоди шаҳри Душанбе оид ба пакнратион байни наврасон, ҷавонон ва калонсолон баргузор гардид. Ин мусобиқа ба муносибати 33-юмин солгарди Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардида, дар он наздики 500 варзишгар аз тамоми шаҳру ноҳияҳои кишвар ширкат варзиданд.

Бо иштироки масъулини варзиши пойтахт ва роҳбарияти Федератсияи панкратиони кишвар маросими кушодашавии чорабинӣ доир гардид ва дар он гуфта шуд, ки ҳадаф аз ташкили чунин мусобиқа ин пеш аз ҳама оммавигардонии варзиш ба тарзи ҳаёти солим ҷалб намудани наврасону ҷавонон мебошад. Бо фароҳам омадани шароит ва имкониятҳои мусоид дар кишвар тамоми намудҳои варзиш рӯ ба рушд дорад. Гаравиши насли наврас ба намуди варзиши разми аз ҷумла панкратион бештар ба чашм мерасад.

Мусобиқа давоми ду рӯз идома кард, ки дастаҳои зиёд аз пойтахт, шаҳру ноҳияҳои кишвар, вилоятҳои Хатлону Суғд ва ВМКБ ширкат варзиданд. Ҳамзамон дастпаварони клубу толорҳои варзишии намудҳои размӣ низ иштироки фаъолона доштанд.

Давоми ду моҳи охир ин дуюмин мусобиқаи Федератсияи панкратиони кишвар мебошад, ки дар ҳар як мусобиқа шумораи иштирокчиён ба маротиб меафзояд. Ҳадаф аз ташкили чунин чорабиниҳои варзишӣ, ин пеш аз ҳамад дарёфти истеъдодҳо ва омода намудани варзишгарони панкратион ба мусобиқаҳои байналмилалие, ки дар давоми соли 2025 баргузор мешавад.

ТВ "Варзиш"