52 имтиёзи Девин Букер ғалабаи “Финикс”-ро бар “Ню – Орлеан” таъмин кард

52 имтиёзи Девин Букер  ғалабаи “Финикс”-ро бар “Ню – Орлеан” таъмин кард

Бозии муқаррарии мавсими Ассотсиатсияи миллии баскетбол миёни дастаҳои «Ню-Орлеан Пеликанс» ва «Финикс Санз» ба анҷом расид. Вохӯрии дастаҳо дар Ню - Орлеани ИМА доир гардида, бо ҳисоби 111:124 ба фоидаи «Финикс Санз» анҷом ёфт.

Сермаҳсултарин бозигари вохӯрӣ Девин Букер аз ҳайати дастаи «Финикс Санз» буд, ки 52 имтиёз ба даст оварда, инчунин 3 бозёфти тӯб ва 9 ассист дар ҳисоб дошт.

Ҳамин тавр, «Финикс Санз» муборизаро барои мавқеи плей-офф идома дода, дар ҷои ҳафтум дар Конфронси Ғарбӣ маскан гирифт.