6 бозигар тобистони имсол тарки “Манчестер Сити” мекунанд
Сармураббии дастаи “Манчестер Сити” Хосеп Гвардиола ҳанӯз ҳам мехоҳад, ки дар ихтиёраш шумораи ками бозигарон бошад, нисбат ба он чи ҳоло дорад. Ба ҳамин сабаб эҳтимол меравад, ки шаш бозигар тобистони имсол тарки даста кунанд. Дар бораи ин The Athletic хабар медиҳад.
Ба иттилои манбаъ, дифоъгарон Ҷон Стоунз ва Нико О’Райли, нимҳимоятгарон Матео Ковачич, Илкай Гюндоган, Клаудио Эчеверри ва ҳамлагар Оскар Бобб метавонанд ё ба дигар дастаҳо ба иҷора раванд ё тамоман фурӯхта шаванд.
Бо ин вуҷуд, таъкид мешавад, ки Оскар Бобб дар ҷамъомади пешазмавсимии гузашта ҳайати мураббиёнро ба ҳайрат оварда буд, аммо тамоми мавсими гузашта аз сабаби ҷароҳат дар ҳайат набуд. Ба ҳамин хотир бо эҳтимоли зиёд тобистони имсол дастаи шаҳри Манчестерро тарк намекунад.