6 гол дар бозии “Ҳосилот” ва “Истиқлол” ғолибро муайян накард
Бозии мавқуфмондаи даври 16-уми Лигаи олӣ миёни дастаҳои “Ҳосилот” ва “Истиқлол” ба анҷом расид. Вохӯрии дастаҳо дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе баргузор гардида, бо натиҷаи мусовии 3 бар 3 анҷом ёфт.
Ҳисобро дар ҷараёни вохӯрӣ Манучеҳр Ҷалилов дар дақиқаи 14-уми бозӣ аз зарбаи пеналти ба фоидаи “Истиқлол” боз кард. Дар дақиқаи 27-уми вохӯрӣ Тоҳирҷон Тағойзода аз ҳайати “Ҳосилот” ҳисобро баробар намуд. Дар дақиқаи 29-уми бозӣ ҳамлагари итолиёвии тими “Истиқлол” Франческо Марҷиотта дар ҳисоб дастаашро ба пеш баровард. Тоҳирҷон Тағойзода дар дақиқаи 45-ум ҳисобро баробар кард ва дастаҳо ба танаффус рафтанд.
Дар қисми дуюми бозӣ Шериддин Бобоев дар дақиқаи 69-ум аз зарбаи пеналти гол зад ва дар ҳисоби тими ноҳияи Фархорро ба пеш баровард. Франческо Марҷиотта 15 дақиқа мондан то анҷоми бозӣ аз ҳайати “Истиқлол” гол зад ва натиҷаро мусовӣ намуд.
Қобили зикр аст, ки дар ин бозӣ якчанд бозигарони калидии “Истиқлол” бинобар сабаби даъват ба тими миллии Тоҷикистон барои бозиҳои дӯстона ширкат надоштанд.
Ҳоло пас аз мусовӣ “Истиқлол” бо 49 имтиёз пешгоми ҷадвали мусобиқа буда, пеш аз муҳлат аллакай унвони қаҳрамониро соҳиб шуд. Барои «Истиқлол» ин сездаҳумин нишони тилло дар таърихи бошгоҳ аст. “Ҳосилот” бо 24 имтиёз дар зинаи 8-ум аст.