6 гол дар бозии "Реал" ва "МС" ғолибро муайян накард

Дар дақиқаи дуюми бозӣ нимҳимоятгари «Манчестер Сити» Бернарду Силва бо зарбаи мустақими ҷаримавӣ ҳисобро боз кард ва дастаашро ба пеш баровард. Дар дақиқаи 12-ум нимҳимоятгари «Реал Мадрид» Эдуардо Камавинга аз дур зарба зад ва тӯб пас аз расиш ба ҳимоятгари «Манчестер Сити» Рубен Диаш ба дарвозаи меҳмонон ворид шуд.
Пас аз чанд дақиқа Родриго бо паси Винисиус Жуниор "Реал"ро дар ҳисоб ба пеш баровард. Дар дақиқаи 66-ум нимҳимоятгари “Манчестер Сити” Фил Фоден бо як зарбаи устувор ҳисобро баробар кард. Ба ӯ Ҷон Стоунз кӯмак кард. Ҳамагӣ пас аз панҷ дақиқа ҳимоятгар Йошко Гвардиол ба дарвозаи «Реал Мадрид» зарба зад ва боз меҳмононро дар ҳисоб ба пеш баровард.
Дар дақиқаи 79-ум «Реал» боз ҳисобро баробар кард. Федерико Валверде аз паси Винисиус Жуниор голи зебоеро ба самар расонид.
Ёдовар мешавем, ки бозии ҷавобии дастаҳо рӯзи чоршанбеи оянда, 17-уми апрел дар Манчестер баргузор мешавад.
