6 медали самбочиёни тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон-2019

6 медали самбочиёни тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон-2019

11-13 октябр дар шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Узбекистон Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо миёни наврасону ҷавонон баргузор шуд. Дар чемпионат 370 варзишгар аз 28 давлат: Арманистон, Белорус, Булғория, Венесуэла, Гурҷистон, Индонезия, Испания, Колумбия, Қазоқистон, Қирғизистон, Латвия, Литва, Марокаш, Мексика, Муғулистон, Озарбойҷон, Олмон, Россия, Руминия, Сербия, Тоҷикистон, Туркманистон, Узбекистон, Украина, Фаронса, Филиппин, Ҷумҳурии Доминикан ва Юнон ширкат карданд. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар ҳайати 16 нафар – 9 нафар миёни наврасон, 7 нафар миёни ҷавонон – бо роҳбарии мураббӣ Садриддин Обидов дар чемпионат ширкат намуда, ба гирифтани 6 медал – 1 тилло, 2 нуқра, 3 биринҷӣ даст ёфтанд. Медали тиллоро Муҳаммадшариф Наҷмуддинов дар вазни -74кг миёни ҷавонон ба даст овард. Миёни ҷавонон, ҳамчунин Аминҷон Холов дар вазни -48кг, Сомон Сангов дар вазни -52кг ба гирифтани медалҳои нуқра мушарраф шуданд. Медалҳои биринҷиро варзишагрони мо миёни наврасон ба даст оварданд: Бузургмеҳр Исоев дар вазни -60кг, Субҳиддин Халилзода дар вазни -70кг, Муҳаммадҷон Одинаев дар вазни -87кг.