6 сол боз “Марв” дар баробари “Алтин-Асир” ғалаба карда наметавонад

6 сол боз “Марв” дар баробари “Алтин-Асир” ғалаба карда наметавонад

Дар доираи бозиҳои даври сеюми марҳилаи гурӯҳии Ҷоми КФО-2023/24 дар чаҳоргонаи “Е” дастаҳо “Марв” ва “Алтин-Асир” ҳарду аз Туркманистон андари майдони рақобат шуданд. Вохӯрии дастаҳо дар варзишгоҳи Ашхобод баргузор шуда, бо ҳисоби 1 бар 2 ба суди бозигарони “Алтин-Асир” анҷом ёфт.

Ҳарсе гол дар қисми дуюми бозӣ зада шуд. Камол Аннамуҳаммадов аз ҳайати “Марв” дар дақиқаи 60-уми бозӣ аз зарбаи ҷаримавӣ ҳисобро боз кард. Раҳмон Муродбердиев аз дастаи “Алтин Асир” дар дақиқаи 84-ум бо як зарбаи қавӣ натиҷаро баробар намуд. Голи ҳалкунандаро Салим Нурмуродов дар дақиқаи 90+7 аз зарбаи ҷаримавӣ ба самар расонида, ғалабаи дастаашро таъмин намуд.

Дар бозии дигари гурӯҳ бошгоҳҳои «Равшан»-и Тоҷикистон ва «Абдиш-Ата»-и Қирғизистон дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Ҳисор бо ҳам бозӣ карданд. Вохӯрӣ бо ҳисоби минималии 0 бар 1 ба фоидаи “Абдиш-Ата” ба поён расид. Ягона голро аз ҳайати тими “Абдиш - Ата” – Эммануэл Йагр дар дақиқаи 51-ум марбути номи хеш кард.

Пас аз ду даври марҳилаи гурӯҳии Ҷоми КФО-2023/24 ноиб-қаҳрамони Тоҷикистон «Равшан»-и Кӯлоб ду имтиёз дар зинаи охир аст. Қаҳрамони Қирғизистон «Абдиш-Ата» бо ҳафт имтиёз дар гурӯҳи «Е» пешсаф аст. “Алтин-Асир” бо 4 имтиёз дар зинаи дуюм ва “Марв” бо 2 имтиёз дар зинаи сеюм маскан гирифтаанд.