6 ҷудокори тоҷик дар Tokyo Grand Slam 2025 иштирок мекунанд
Аз 6-ум то 7-уми декбар дар шаҳри Токиои Ҷопон, мусобиқаи навбатии сайри ҷаҳонии ҷудо - PARK24 Group presents Tokyo Grand Slam 2025 баргузор мешавад. То имрӯз барои иштирок дар мусобиқа 327 ҷудокор аз 44 кишвари ҷаҳон номнавис шудаанд.
Тоҷикистонро дар ин мусобиқа 6 паҳлавон намояндагӣ мекунанд. Обид Ҷебов бо Мусаниф Миробов дар вазни то 66 кг, Сомон Маҳмадбеков бо Беҳрӯз Хоҷазода дар вазни то 81 кг, Мизробшо Лоиқов дар вазни то 90 кг ва Муҳсин Малаев дар вазни то 100 кг дар ин мусобиқаи бонуфуз Тоҷикистонро муаррифӣ менамоянд.
Маблағи умумии ҷоизавии мусобиқа 154 ҳазор евроро ташкил медиҳад. Ба варзишгарон барои медали тилло 5 ҳазор евро, медали нуқра 3 ҳазор ва нишони биринҷӣ 1500 евро ҷоизаҳои молӣ тақдим мегардад.
Ҳамчунин варзишгарон барои беҳтар кардани мавқеашон дар феҳристи ҷаҳонӣ соҳиби имтиёзҳо мешаванд. Ғолибон 1000 имтиёз, барандагони ҷойи дуюм 700 имтиёз, ҷойи сеюм 500 имтиёз мегиранд.