69 варзишгар аз Тоҷикистон дар Бозиҳои Ҳамбастагии Исломӣ ширкат мекунанд

69 варзишгар аз Тоҷикистон дар Бозиҳои Ҳамбастагии Исломӣ ширкат мекунанд

Аз 7 то 21-уми ноябр дар шаҳри Риёзи Арабистони Саудӣ VI Бозиҳои Ҳамбастагии Исломӣ доир мегардад.

Ба барномаи бозиҳо 23 намуди варзиш, аз ҷумла 2 намуди варзиш барои шахсони имконияташон маҳдуд (пара-варзиши сабук ва пара-паурлифтинг), ворид аст.

Беш аз 3000 варзишгари 57 давлати узви Ассотсиатсияи варзишҳои ҳамбастагии исломӣ (ISSA) ширкат мекунанд. Тоҷикистонро дар ин мусобиқа 134 нафар намояндагӣ мекунанд, ки аз ҷумла 54 нафар масъулину мураббиён, 7 нафар ҳайати роҳбарикунанда ва 69 нафар варзишгар аз рӯи 12 намуди варзиш мебошанд.

Тими футзали кишвар дар доираи Бозиҳо, таҳти роҳбарии Пайрав Воҳидов, дар даври гурӯҳӣ (гурӯҳи “В”) бо тимҳои Афғонистон, Эрон ва Марокаш бозӣ мекунад. Футболбозони мо дар даври аввал 4-уми ноябр бо тими Афғонистон бозӣ карда бо ҳисоби 9 бар 5 мағлуб шуданд ва дар идома рӯзи 6-уми ноябр дар даври дуюм бо Марокаш ва дар даври ҷамъбастӣ 8-уми ноябр бо Эрон вомехӯранд.

Ба гурӯҳи “А” дастаҳои Арабистони Саудӣ, Ӯзбекистон, Либия, Озарбойҷон шомиланд. Аз ҳар гурӯҳ ду дастаи беҳтарин дар нимфинал мусобиқаро идома медиҳанд.

Дастаи мунтахаби ҷудои кишвар аз 7 нафар (5 мард, 2 зан) таркиб ёфтааст: Эмомалӣ Нуралӣ (-66 кг), Абубакр Шеров (-73 кг), Муҳаммадҷон Абдуҷалилзода (-90 кг), Ҷаҳонгир Маҷидов (-100 кг), Темур Раҳимов (+100 кг), Аҳлия Муъминова (-48 кг), Мадина Қурбонзода (-52 кг). Эмомалӣ Нуралӣ пеш оғози мусобиқа осеб гирифт ва дар ин вазн бародараш Ёсин Бобокалонов ӯро иваз мекунад. Мусобиқа ҷудо 8-10-уми ноябр ба нақша гирифта шудааст. Ёсин Бобокалонов ва Мадина Қурбонзода парчамбардорони ҳайати Тоҷикистон дар маросими кушодашавии Бозиҳо интихоб шудаанд.

Бозиҳои Ҳамбастагии Исломӣ аз соли 2005 доир мегардад. 1-ум Бозиҳо низ дар Арабистони Саудӣ, шаҳри Макка баргузор шуда буд. Баъдан, соли 2013 Палембанг (Индонезия), 2017 Боку (Озарбойҷон), 2021 Кония (Туркия) мизбони Бозиҳои ҳамбастагии исломӣ буданд Бозиҳои дуюм соли 2010 дар Эрон ба нақша гирифта шуд, вале доир нагашт. Тоҷикистон дар 5 Бозиҳои гузашта 15 медал – 1 тилло, 4 нуқра, 10 биринҷӣ – ба даст овардааст. Ягона медали тиллоро соли 2005 дар Макка Дилшод Назаров сазовор гаштааст.