7 гол дар бозии “Ал-Наср” ва “Ал-Аҳлӣ” ба самар расонида шуд...

7 гол дар бозии “Ал-Наср” ва “Ал-Аҳлӣ” ба самар расонида шуд...

Дар бозии марказии даври 7-уми чемпионати Арабистони Саудӣ дастаҳои “Ал-Наср” ва “Ал-Аҳлӣ” андари майдони рақобат гардиданд. Вохӯрии дастаҳо дар варзишгоҳи “Ал-Аввал Парк”-и шаҳри Риёз дар ҳузури 23 524 нафар мухлис баргузор гардида, бо ҳисоби 4 бар 3 ба фоидаи дастаи “Ал-Наср” зафар ёфт.

Нахуст, дар ҷараёни бозӣ футболбозони дастаи “Ал-Наср” ба кушодани ҳисоб ноил гардиданд. Ҳамлагари португалӣ Криштиану Роналду дар дақиқаи 4-уми бозӣ аз ирсоли головари Садио Мане истифода бурда, ба задани гол даст ёфт. Бо гузаро шудани 13 дақиқаи Андерсон Талиска аз ирсоли головари Эмерик Лапорт истифода бурда, бо сар тӯбро вориди дарвозаи Эдуар Менди кард. Дар дақиқаи 30-юми бозӣ собиқ ниммуҳофизатгари дастаи “Барселона” – Франк Кесси аз ҳайати “Ал-Аҳӣ” гол зад. Дар дақиқаҳои иловагии қисми аввали бозӣ Андерсон Талиска голи зебоеро ба самар расонида, ҳисобро 3 бар 1 кард.

Пас аз танаффӯс дар дақиқаи 50-юми бозӣ Талиска дар дохили ҷаримагоҳ қоидаи бозиро вайрон кард ва довар ба дарвозаи дастаи шаҳри Риёз пеналти таъйин кард. Собиқ ҳамлагари дастаи “Манчестер Сити” – Рияд Маҳрез пеналтиро бехато иҷро карда, ҳисобро 3 бар 2 намуд. Бо гузаро шудани 2 дақиқа Роналду аз ирсоли головари Талиска истифода бурда, бо як зарбаи қавӣ берун аз ҷаримагоҳ ба задани гол ноил гардид. Дар даҳаи охири бозӣ меҳмонон бо голи Фирас Ал Брикан ҳисобро 4 бар 3 карданд ва бо ҳамин натиҷа бозӣ анҷом ёфт. Аз ҳайати “Ал-Аҳлӣ” собиқ ҳамлагари “Ливерпул” – Роберто Фирминийо аз худ дарак дода натавонист. Габри Вейгаи 21 сола, ки аз дастаи “Селта” ба “Ал-Аҳлӣ” гузашт, дар ин бозӣ хело хуб майдондорӣ кард.

Пас аз ғалаба дастаи “Ал-Наср” шумораи имтиёзҳояшро ба 15 адад расонида, ҳоло дар ҷадвали мусобиқот дар зинаи 5-ум қарор дорад. “Ал-Аҳлӣ” ҳам 15 имтиёз дар ҳисоб дорад ва дар мавқеи 6-ум қарор гирифтааст. “Ал-Иттиҳод” бо 18 имтиёз пешсафи ҷадвали мусобиқот аст.

Криштиану Роналду бо 9 гол ва 4 ирсоли головар беҳтарин нишонзани мусобиқот маҳсуб мешавад. Малком, Ал Давсари, Садио Мане ва Муссо Дембеле бо 6 голи дар феҳристи беҳтарин нишонзанҳои мусобиқа мавқеъ гирифтаанд.

Ёдовар мешавем, ки рӯзи 2-юми октябр дастаи “Ал-Наср” дар доираи бозии даври дуюми марҳилаи гурӯҳии Лигаи Қаҳрамонҳои Осиё дар шаҳри Риёз бо дастаи “Истиқлол”-и шаҳри Душанбе андари майдони рақобат гардид.