7 голи беҷавоби “Ноттингем” ба дарвозаи “Брайтон”

7 голи беҷавоби “Ноттингем” ба  дарвозаи “Брайтон”

Бозии даври 24-уми Премйер-Лигаи Англия миёни дастаҳои “Ноттингем Форест” ва “Брайтон” ба анҷом расид. Вохӯрии дастаҳо дар варзишгоҳи “Сити Граунд”-и шаҳри Ноттингем баргузор гардида, бо ҳисоби бузурги 7 бар 0 ба суди тими мизбон анҷом ёфт.

Ҳисоб дар ин бозӣ дар дақиқаи 12-ум боз шуд. Ҳимоятгари “Брайтон” Люис Данк ба дарвозаи худ гол зад. Морган Гиббс-Уайт дар дақиқаи 25 –ум мизбононро дар ҳисоб дуболо намуд. Дар дақиқаи 32-юм Крис Вуд голи аввалини худро дар ин дидор зад. Вуд дар дақиқаи 64-ум дубл ва дар дақиқаи 69-ум хет-трик кард.

Дар дақиқаи 89-ум Неко Уилямс голи шашуми мизбононро ба самар расонид. Дар дақиқаи 90+1-ум Жота Силва ҳисоби ниҳоиро гузошт – 7:0.

Пас аз 24 бозӣ, "Ноттингем Форест" бо 47 имтиёз дар ҷадвали Премйер-Лига дар ҷои сеюм қарор дорад. “Брайтон” бо 34 имтиёз аз ҳамин шумори бозӣ дар ҷои 9-ум аст. “Ливерпул” бо 56 имтиёз дар зинаи авввал аст.

ТВ "Варзиш"