7 муштзани тоҷик дар марҳилаи нимниҳоии Бозиҳои ИДМ-2025
Дар Озарбойҷон сеюмин Бозиҳои ИДМ дар соли 2025 идома дорад. 7 муштзани навраси тоҷик Амир Нозимов , Дамир Назаров , Аъзамҷон Ҳасанов , Беҳрӯзҷон Умаров, Акбарҷон Абдуллоев, Умарҷон Асроров ва Фурӯғ Сарҳадзода то ба марҳилаи нимниҳоии мусобиқа роҳ ёфтанд.
Амир Нозимов дар вазни 75 кг дар рақобати аввал бар намояндаи мизбон Ниҷат Иманов ғолиб омада, ба даври нимниҳоӣ баромад. Беҳрӯз Умаров дар вазни 50 кг дар марҳилаи чаҳорякниҳоӣ муқобили намояндаи Беларус - Рамил Ҳурбанау пирӯзӣ ба даст овард.
Дамир Назаров дар вазни 46 кг дар марҳилаи чаҳорякниҳоӣ намояндаи Туркманистон Салим Мередовро мағлуб намуда, роҳашро ба даври нимниҳоӣ ҳамвор намуд.
Аъзамҷон Ҳасанов дар вазни 48 кг дар марҳилаи чаҳорякниҳоӣ намояндаи Русия Анвар Жалбуровро мағлуб намуда, ба даври нимниҳоӣ баромад.
Акбарҷон Абдуллоев дар вазни 57 кг дар даври чаҳорякниҳоӣ муқобили намояндаи Қирғизистон Алихан Эргешов ғолибият ба даст овард. Умарҷон Асроров дар вазни 66 кг дар марҳилаи чаҳорякниҳоӣ намояндаи Озарбойчон - Даниз Зайналовро мағлуб карда, ба марҳилаи нимниҳоӣ расид.
Фурӯғ Сарҳадзода дар вазни 66 кг муқобили намояндаи мизбон дар рақобати духтарон ғолиб омада, ба марҳилаи нимниҳоӣ баромад.
Ин аз он дарак медиҳад, ки новобаста аз натиҷаи баъдӣ муштзанҳои мо соҳиби 7 медали биринҷӣ дар Бозиҳои ИДМ-2025 мебошанд.
Ёдовар мешавем, ки то имрӯз дар Бозиҳои ИДМ-2025 варзишгарони тоҷик ба гирифтани 4 медали биринҷӣ даст ёфтанд. Аз намуди таеквондо Абдуҷаъфари Баҳодур (54 кг), Нурулло Муродов (74 кг) ва аз риштаи самбо Назаралӣ Холов (64 кг), Ёсин Ҳукуматов (71 кг) ба гирифтани медалҳои биринҷӣ даст ёфтанд.
Бозиҳои III –юми кишварҳои ИДМ аз 28-уми сентябр то 8-уми октябри соли 2025 дар 7 шаҳри Озарбойҷон баргузор мешавад.