8 гол дар бозии "Челси" ва "Манчестер Сити" ғолибро муайян накард

8 гол дар бозии "Челси" ва "Манчестер Сити" ғолибро муайян накард
Дар доираи бозиҳои даври 12-уми Премйер-Лигаи Англия дастаҳо «Челси» ва «Манчестер Сити» андари майдони рақобат шуданд. Вохӯрии дастаҳои дар варзишгоҳи "Стэмфорд Бриҷ"-и шаҳри Лондон дар ҳузури 39 532 нафар мухлис баргузор гардида, бо натиҷаи мусовии 4 бар 4 анҷом ёфт.

Нахуст ҳисобро дар вохӯрӣ меҳмонон бо голи Эрлинг Ҳоланд дар дақиқаи 25-ум аз пеналти кушоданд. Бо гузаро шудани 4 дақиқа Тяго Силва бо зарбаи сар тӯбро вориди дарвозаи Эдерсон кард ва ҳисобро мусовӣ намуд.

Дар дақиқаи 37-уми бозӣ собиқ бозигари "Манчестер Сити" - Раҳим Стерлинг ба задани гол ноил гардид ва "Челси"-ро дар ҳисоб ба пеш баровард. Мануэл Аканҷи дар ҳайати "шаҳриҳо" дар дақиқаи 45+1 гол зад. Бо ҳисоби мусовии 2 бар 2 дастаҳо ба танаффус баромаданд.

Дар қисми дуюми бозӣ дар дақиқаи 47-уми бозӣ Ҳоланд голи дуюмашро дар ин вохӯрӣ ба самар расонид. Пас аз 20 дақиқа Николас Ҷексон ба ин голи Ҳоланд пусух дод ва ҳисобро баробар намуд.

Дар дақиқаи 86-ум аз ирсоли головари Ҳоланд истифода бурда, Родри дастаи «Манчестер Сити»-ро дар ҳисоб ба пеш баровард, лек ин хурсандии онҳо дер давом накард. Коул Палмер дар дақиқаи 90+5 аз пеналти ҳисобро 4 бар 4 кард ва бо ҳамин натиҷа бозии сергол, драмавӣ ва ҷолибу хотирмон дар «Стэмфорд Бриҷ» ба анҷом расид.

Дастпарварони Поччетино пас аз мағлуб кардани «Тоттенҳэм» (4:1) ба дарвозаи «Манчестер Сити» чаҳор гол заданд ва бозиро мусовӣ ба поён расониданд.

Ҳоло дар ҷадвали мусобиқот "Манчестер Сити" бо 27 имтиёз пешгом аст. "Челси" бо 16 имтиёз дар зинаи 10-ум боқӣ монд. "Бёрнли" бо 4 имтиёз дар таҳхонаи ҷадвали мусобиқот аст.