8 теннисбози рус дар Бозиҳои Олимпии Париж -2024 иштирок мекунанд

Ракеткаи якуми Русия байни мардон Даниил Медведев ва ракеткаи чоруми Русия байни занон Мирра Андреева дар Бозиҳои тобистонаи Олимпии Париж - 2024 иштирок мекунанд. Дар ин бора Федератсияи тенниси Русия (RFF) хабар додааст.
Аз миёни мардон Аслан Каратсев, Роман Сафиуллин ва Павел Котов низ эълон шудаанд. Аз миёни бонувон Екатерина Александрова, Вероника Кудерметова ва Диана Шнайдер интихоб шуданд.
Аз ҳайати ҷуфтӣ Медведев бо Сафиуллин, Котов бо Каратсев, Андреева бо Кудерметова ва Александрова бо Шнайдер бозӣ мекунанд.
Ҳамчунин хабар дода мешавад, ки ракеткаи якуми Русия Даря Касаткина ва қаҳрамони Бозиҳои Олимпӣ Анастасия Павлюченкова аз ширкат дар ин мусобиқаи бонуфуз даст кашиданд. Андрей Рублев, Карен Хачанов ва Людмила Самсонова низ дар Олимпиада бозӣ намекунанд.
Бозиҳои Олимпии Париж-2024 аз 26-уми июл то 11 –уми август доир мешавад. Кумитаи Байналмилалии Олимпӣ (КБО) моҳи декабри соли 2023 эълон кард, ки ба варзишгарони рус бидуни парчам, суруд ва дигар рамзҳои миллӣ дар мақоми бетарафии инфиродӣ ба Олимпиада роҳхат мегиранд, иҷоза медиҳад.