9 гол дар бозии “Фулҳэм” ва “Манчестер Сити” ба қайд гирифта шуд
Дар доираи бозиҳои даври 14-уми Премйер-лигаи Англия дастаҳои “Фулҳэм” ва “Манчестер Сити” андари майдони рақобат шуданд. Вохӯрии дастаҳо дар варзишгоҳи “Крэйвен Коттеҷ” дар шаҳри Лондон дар ҳузури 26 700 нафар мухлис доир гашт. “Манчестер Сити” бо ҳисоби 5 бар 4 пирӯзӣ ба даст овард. Крэйг Поусон ба ҳайси довари асосии бозӣ фаъолият намуд.
Аз ҳайати “Манчестер Сити” голҳоро Эрлинг Ҳоланд дар дақиқаи 17-ум, Тиҷани Райндерс дар дақиқаи 37-ум, Фил Фоден дар дақиқаҳои 44-ум, 48-ум ва Сандер Берг дар дақиқаи 54-ум худголро ба самар расониданд.
Голҳои “Фулҳэм”-ро Эмил Смит-Роу дар дақиқаи 45+2-юм, Алекс Ивоби дар дақиқаи 57-ум ва Сэмюэл Чуквуэзе дар дақиқаҳои 72-юм ва 78-ум марбути номи хеш карданд.
Дар таърихи бозиҳои байнихудии “Фулҳэм” ва “Манчестер Сити” бори аввал 9 гол дар як бозӣ ба қайд гирифта шуд. Дар умум ин ду даста 75 бозии байнихудӣ доранд, ки 16 ғалаба ба фоидаи “Фулҳэм”, 43 ғалаба ба фоидаи “Манчестер Сити” ва 16 натиҷаи мусовӣ дар ҳама мусобиқаҳо ба қайд гирифта шудааст.
Ҳоло “Манчестер Сити” бо 28 имтиёз дар зинаи дуюми ҷадвали мусобиқа аст. “Фулҳэм” бо 17 имтиёз дар зинаи 15-ум мавқеъ гирифтааст. “Арсенал” бо 30 имтиёз пешгоми ҷадвали мусобиқа мебошад.
Ёдовар мешавем, ки дар даври оянда, “Манчестер Сити” дар хона бо “Сандерланд” рӯзи 6-уми декабр ва “Фулҳэм” дар хона бо “Кристал Пэлас” рӯзи 7-уми декабр бозӣ мекунанд.