9 муштазани тоҷик дар Қаҳрамонии ҷаҳон дар Ереван иштирок мекунад

9 муштазани тоҷик дар Қаҳрамонии ҷаҳон дар Ереван иштирок мекунад

Дар шаҳри Еревани Арманистони Қаҳрамонии ҷаҳон оид ба бокс миёни наврасони солҳои таваллудашон 2007-2008 баргузор мегардад.  Мусобиқа аз 24-уми ноябр   то 4-уми декабр баргузор мешавад. Тоҷикистонро дар ин мусобиқа 9 муштзани  наврас  муаррифӣ мекунанд.

Ҳайати мунтахаби бокси Тоҷикистон дар Қаҳрамонии ҷаҳон дар Ереван чунин аст:

Ҳайати мураббиҳо:

⭕️ Маллаев Эмомалӣ  (сармураббӣ)

⭕️ Алиев Файзулло (мураббӣ)

⭕️ Музафаров Рустам (мураббӣ)

Ҳайати дастаи мунтахаби наврасон:

⭕️Камолов Ҷахонгир (46 кг),

⭕️ Мӯъминов Мансурхӯҷа (48 кг),

⭕️ Иқсанов Билолҷон (50 кг),

⭕️Қобилов Абубакр (52 кг),

⭕️Давлатов Шодмеҳр (54 кг),

⭕️ Каримзода Абдулло (57 кг),

⭕️ Султонов Муҳаммадсултон (60 кг).

⭕️ Ғафуров Абубакр (66 кг).

⭕️ Абдуллоева Фариноз (52 кг).

Ба иттилои Ассотсиатсияи байналмилалии бокс (IBA), дар чемпионат иштироки 448 варзишгари наврас аз 58 давлат дар назар аст. Онҳо дар 26 вазн миёни писарону духтарон сабқат мекунанд.

Ёдовар мешавем, ки қуръакашии расмӣ 23-юми ноябр дар баробари маросими ифтитоҳ баргузор мешавад. Мусобиқаҳо то даври чорякниҳоӣ аз 24 то 30-юми ноябр, муҳорибаҳои нимниҳоӣ 2-юми декабр ва финал 3-4-уми декабр доир мегарданд.