“ПСЖ” дифоъгари мунтахаби Фаронса Люк Динро харидорӣ намуд
Бошгоҳи футболи “ПСЖ” оиди имзокунии шартнома бо дифоъгари мунтахаби Фаронса Люк Дин аз тими англисии “Астон Вилла” эълон кард. Шартномаи ӯ бо дастаи нав то тобистони соли 2029 мӯҳлат дорад ва ӯ дар сафи парижиён пироҳани рақами 12-ро ба бар хоҳад кард.