Ҷаҳиши Силваи 38 сола ҳамаро ба ҳайрат овард

Ҷаҳиши Силваи 38 сола ҳамаро ба ҳайрат овард

Боваровар нест, аммо ҳақиқӣ аст. Ҷаҳиши Тияго Силваи 38-сола ҳангоми задани гол ба муқобили «Фулхэм» 2,74 метрро дар боло нишон медиҳад.

Вай бар зидди Исса Диоп, ки аз ӯ 13 сантиметр баландтар аст (1,81 бар 1,94) дар набард ғолиб омад. Эҳтимол ӯ яке аз баландтарин ҷаҳишҳоро дар таърихи футбол идора карда бошад.


Барои муқоиса, ҷаҳиши ҳамлагари марокашӣ Юсуф Эн-Несейри ҳангоми задани гол ба дарвозаи Португалия дар Ҷоми ҷаҳонии 2022 , 2,78 метр аст. Ва ин дуввумин ҷаҳиши баландтарин сабтшудаи футболбоз дар таърих маҳсуб мешавад. Танҳо Криштиану Роналду дар бозӣ бо «Манчестер Юнайтед» як маротиба баландтар ҷаҳида буд - 2,93 метр.

Ёдовар мешавем, ки бозии санҷишии “Челси” ва “Фулхэм” бо ҳисоби 2 бар 0 ба суди “ашрофзодаҳо” анҷом ёфта буд.