Аҳмад Тажудинов қаҳрамони ҷаҳон оид ба гӯштини тарзи озод гардид
Дирӯз, Аҳмад Тажудинов (97 кг) дастпарвари мактаби гӯштини Доғистон, ки аз номи Баҳрайн баромад мекунад, дар даври ниҳоии Қаҳрамонии ҷаҳон оид ба гӯштини тарзи озод ҳамватанаш аз тими миллии Озарбойҷон Магомедхон Магомедовро пеш аз муҳлат шикаст дод.
Дар Қаҳрамонии ҷаҳон Тажудинов аз ду қаҳрамони олимпӣ Кайл Снайдер ва Абдулрашид Саъдулаев низ тавонотар буд. Ин қаҳрамонии Тажудинов таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳониро ҷалб кард.
Тажудинов аввалин гӯштингир аз Баҳрайн шуд, ки дар Қаҳрамони ҷаҳон оид ба гӯштини тарзи озод нишони тилло ба даст овард.
Ёдовар мешавем, ки Қаҳрамонии ҷаҳон оид ба гӯштини тарзи озод ва юнону румӣ аз 16-ум то 24-уми сентябр дар шаҳри Белгради Сербия доир шуда истодааст. Ин аввалин мусобиқаи интихобӣ ба Бозиҳои олимпии Париж-2024 мебошад. Панҷ нафари беҳтарин дар ҳар вазн (дар умум 24 вазн) соҳиби роҳхати олимпӣ мешаванд. то 24-уми сентябр баргузор мегардад. Телевизиони “Варзиш” ба таври мустақим пахши мусобиқаро ба роҳ мондааст.