Аҳмад Усмонов аввалин тиллои Русияро дар Қаҳрамонии ҷаҳон ба даст овард
Аҳмад Усмонов - паҳлавони гӯштини тарзи озоди Русия дар мусобиқаи Қаҳрамонии ҷаҳон оид дар шаҳри Белгради Сербия медали тилло гирифт. Усмонов дар финал бар паҳлавони гурҷӣ Владимир Гамкрелидзе бо ҳисоби 4 -1 пирӯз шуд.
Аҳмад Усмонов аввалин нишони тиллоро дар Қаҳрамонии ҷаҳон оид ба гӯштини тарзи озод дар соли 2023 соҳиб шуд.
Ёдовар мешавем, ки аз 16 то 24-уми сентябр дар шаҳри Белгради Сербия Қаҳрамонии ҷаҳон оид ба гӯштини тарзи озод ва юнону румӣ баргузор шуда истодааст. Барои нахустин бор дар ду соли ахир Кумитаи иҷроияи ҷаҳони гӯштини муттаҳид (UWW) ба намояндагони Русия ва Белорус иҷоза дод, ки дар мусобиқаи асосии гӯштин ширкат кунанд, аммо танҳо ба ҳайси варзишгарони инфиродии бетараф таҳти ихтисораи AIN.