Аҳтам Назаров: "Мо инҷо танҳо барои пирӯзӣ омадаем"

Аҳтам Назаров: "Мо инҷо танҳо барои пирӯзӣ омадаем"

Сарвони тими мунтахаби Тоҷикистон Аҳтам Назаров дар нишасти матбуотии пеш аз бозии рафиқона миёни яккачинҳои Малайзия ва Тоҷикистон чунин тавр нуқтаи назар кард:

"Айни замон дар даста фазо хеле хуб ба чашм мерасад. Якдигарфаҳмӣ дар сатҳӣ олӣ қарор дорад. Фардо моро бозии хуб интизор аст. Мо ба ин бозӣ хеле хуб омода шудаем ва умед ҳаст, ки фардо моро бозии муҷалло ва тактикӣ интизор аст. Мо ҳоло имкон дорем, ки пеш аз бозии рафиқона тамрини ниҳоии хешро баргузор кунем. Кӯшиш мекунем, ки бар муқобили Малайзия бозии зебо нишон диҳем. Мо инҷо танҳо барои пирӯзӣ омадаем”.