Ҳақназар Назаров ба даври дуюми Tashkent Grand Slam роҳ ёфт

Ҳақназар Назаров ба даври дуюми Tashkent Grand Slam роҳ ёфт

Ҳақназар Назаров паҳлавони шинохтаи тоҷик, ки Тоҷикистонро дар мусобиқаи муҳташами Tashkent Grand Slam-2021 дар вазни -81кг намояндагӣ мекард, ба даври дуюм роҳ ёфт. Дар даври якум Ҳақназар Назаров бо Георгий Шеразадишвили аз кишвари Гурҷистон рӯи татамӣ баромад. Дар ин майдондорӣ Назаров аз худ маҳорати баланд нишон дода, рақибро аз сари роҳаш дур кард. Акнун дар даври дуюм Ҳақназар Назаров бо ғолиби Чемпионати кушоди Аврупо дар Белград-2017, қаҳрамони Ҷоми Аврупо байни ҷавонон 2016 Marcel Cercea аз Руминия рақобат мекунад.