Ҳақназар Назаров ба даври сеюм Tashkent Grand Slam роҳ ёфт

Ҳақназар Назаров ба даври сеюм Tashkent Grand Slam роҳ ёфт

Ҳақназар Назаров паҳлавони шинохтаи тоҷик, ки Тоҷикистонро дар мусобиқаи муҳташами Tashkent Grand Slam-2021 дар вазни -81кг намояндагӣ мекард, ба даври дуюм роҳ ёфт. Дар даври якум Ҳақназар Назаров бо Георгий Шеразадишвили аз кишвари Гурҷистон рӯи татамӣ баромад. Дар ин майдондорӣ Назаров аз худ маҳорати баланд нишон дода, рақибро аз сари роҳаш дур кард. Акнун дар даври дуюм Ҳақназар Назаров бо ғолиби Чемпионати кушоди Аврупо дар Белград-2017, қаҳрамони Ҷоми Аврупо байни ҷавонон 2016 Marcel Cercea аз Руминия рақобат намуда, ӯро аз сари роҳаш дур кард. Акнун дар даври сеюм Ҳақназар Назаровро имтиҳони басо мушкил интизор аст, чаро ки ӯро қаҳрамони Osaka Grand Slam 2019, ҷоизадори медали тиллои Brasilia Grand Slam 2019 ва ғолиби World Championships Seniors 2015 ватандори ҷудо - Таканори Нагасэ интизор аст. Дар ин рақобат ба Ҳақназар комёбӣ таманно дорем.