Ҳақназарова бо ғалаба Бозиҳои Осиёро шуруъ кард
Муштзанбонуи тоҷик Руҳафзо Ҳақназарова зери вазни то 50 кг дар даври аввали Бозиҳои Осиёӣ дар Ҳангжоуи Чин ғалаба ба даст овард. Руҳафзо бо намояндаи Индонезия – Новита Синадиа нерӯсанҷӣ карда, бо ҳисоби 4:1 музаффар гардида, ба даври ҳаштякниҳоӣ роҳ ёфт.
Дар ҷараёни рақобат муштзанбони тоҷик фаъол буд ва нисбат ба рақиб зарбаҳои ҳадафмандона дошт ва аз ҷониби доварон ҳам имтиёзҳои лозимаро соҳиб шуд. Дар даври оянда, Руҳафзо бо Раксат Чутхамат аз Тайланд рӯзи 29-уми сентябр нерӯсанҷӣ мекунад.
Аз миёни муштзанбонуҳои тоҷик ин аввалин ғалаба дар Бозиҳои Осиёии Ҳангжоу – 2022 маҳсуб мешавад. Қаблан, Бибинишастамо Холова (-60 кг) аз Тананя Сомнуек аз Тайланд ва Нигора Олимова (-54 кг) аз Ти Нгуйену аз Ветнам дар даври аввал мағлуб шуда, аз идомаи рақобатҳо берун монда буданд.
Маврид ба зикр аст, ки Бозиҳои Осиёии Ҳангжоу – 2022 аз 23-юми сентябр то 8-уми октябр баргузор мешавад. Дар ин мусобиқаи бонуфузи Осиёи 481 маҷмӯи медалҳо аз рӯи 40 намуди варзиш ба роҳ монда шудааст. 138 варзишгар аз Тоҷикистон аз 18 риштаи варзиш дар ин мусобиқа баромад мекунад.