Ҷаҳон бо Диего Марадона видоъ кард

Ҷаҳон бо Диего Марадона видоъ кард

Дар Буэнос - Айрос маросими видоъ бо нобиғаи ҷаҳонии футбол Диего Марадона, ки дар синни 60 - солагӣ ҷаҳонро падруд гуфт, баргузор шуд.

Ҷасади футболбози ҷаҳониро ба қасри президенти Аргентина интиқол доданд ва садҳо ҳазор нафар ҳаводорони ҳунари Марадона дар интизори видоъ бо ӯ қарор гирифтанд. Гуфта мешавад, аз соати 6 - и субҳ ҳукумат барои тамоми хоҳишмандони видоъ бо Диего Марадона роҳро боз намуданд. Зимнан, президенти Аргентина дар робита ба марги Диего Марадона дар сартосари кишвар мотами серӯза эълон кард.

Хабари марги Марадона бегоҳи рӯзи 25 - уми ноябр дар сархати расонаҳои хабарӣ пайдо шуд. Хабаргузории TN иттилоъ дод, ки Марадона чанде пеш ҷарроҳии фаврӣ паси сар карда буд. Рӯзномаи Perfil сабаби марги ситораи ҷаҳониро, аз тапидан бозмондани қалбаш рабт дод. Ин манбаъ меафзояд, ки фишори хуни Марадона ба якборагӣ пас шуд ва пизишкони Ёрии таъҷилӣ натавонистанд ӯро аз чанголи марг раҳонанд. Бозии охирони Марадона бо тими "Ривер Плейта" санаи 25 октябри соли 1997 сурат гирифта буд. Пас аз ин бозӣ, санаи 30- юми октябр ситораи футбол аз анҷоми фаъолияти худ хабар дод. Ӯ аз соли 2008 то 2010 мураббии тими миллии Аргентина буд.