Ҷаҳонгир Эргашев футболбози нави "Регар-ТадАЗ"

Ҷаҳонгир Эргашев футболбози нави "Регар-ТадАЗ"

Ҳамлагари ботаҷриба ва узви дастаи мунтахаби Тоҷикистон Ҷаҳонгир Эргашев корномаи варзишиашро дар дастаи "Регар-ТадАЗ" идома медиҳад. Дар ин бора дафтари матбуотии тими шаҳри Турсунзода хабар додааст.

Байни футболбоз ва бошгоҳ қарордоди ҳамкорӣ барои як сол ба тасвиб расид.

Ҷаҳонгир Эргашев қаблан дар бошгоҳҳои "Хуҷанд", "Истиқлол", "Эсхата" ва як қатор дастаҳои хориҷӣ бозӣ карда, дар арсаи байналмилалӣ таҷрибаи калон дорад.

Мавсуф бо пироҳанҳои тими миллии Тоҷикистон дар 35 бозӣ ба майдон омада, 4 гол задааст.

Ёдовар мешавем, ки “Регар –ТадАЗ” қаблан бо Нозим Бобоҷонов, Абдулло Шарипов, Далер Имомназаров қарордоди ҳамкорӣ имзо карда буд. Дастаро мураббӣ Зайниддин Раҳимов ва бозигарон Бортей Акуайе, Опонг Ҷонсон, Хуршед-Тимур Ҷӯраев, Ҳоҷиакбар Узоқов, Ёқубҷон Ахмедов, Қурбоналӣ Бобоев бо анҷом расидани шартнома видоъ карданд.