Ҷаҳонгир Маҷидов ба финали Бозиҳои Осиёӣ баромад
Дар шаҳрҳои Айчӣ ва Нагояи Ҷопон рӯзи 14-уми Бозиҳои Осиёӣ дар соли 2026 баргузор шуда истодааст. Паҳлавони тоҷик Ҷаҳонгир Маҷидов аз риштаи ҷудо ба финали мусобиқа баромад.
Ҷаҳонгир Маҷидов дар вазни то 100 кг дар даври аввал озод буда, дар марҳилаи чаҳорякниҳоӣ рақобатро оғоз кард. Дар ин марҳила Маҷидов бар намояндаи Қирғизистон Даут Полтушев зафар ёфта, ба даври нимниҳоӣ баромад.
Дар даври нимниҳоӣ Маҷидов бо намояндаи Кореяи Ҷанубӣ - Ҳан Ҷуёп гӯштин гирифта, ғолиб омад ва роҳашро ба финал ҳамвор намуд. Дар финали мусобиқа Ҷаҳонгир Маҷидов бо Масучи Ротаро аз Ҷопон барои дарёфти медали тиллои Бозиҳои Осиёӣ мубориза хоҳад бурд. Оғози рақоби мазкур, нисфирӯзии имрӯз соати 13:30 дақиқа дар назар аст.
Ҳамчунин, имрӯз ҷудокорони дигари тоҷик Шодмон Ризоев (-90 кг) ва Мансур Раҳмон (+100 кг) дар рақобатҳои аввал аз намояндагони Ӯзбекистон Нурбек Муртозоев (-90 кг) ва Музаффарбек Туробоев (+100 кг) шикаст хӯрданд.
Қобили зикр аст, ки корвони варзишии Тоҷикистон то имрӯз дар мусобиқаи мазкур соҳиби 2 медали тилло, 3 нуқра ва 7 медали биринҷӣ шудааст. Бо чунин натиҷа Тоҷикистон дар ҷадвали медалҳо зинаи 20-умро ишғол мекунад.
Медалҳои тиллоро аз намуди санъати муҳорибаҳои омехта Мирзобек Умаров (60 кг), Отабек Раҷабов (65 кг), медалҳои нуқраро Беҳрӯз Хуршедзода (71 кг) аз риштаи санъати муҳорибаҳои омехта, Шакармамад Мирмамадов (+90 кг) ва Ёсин Бобокалонов (-66 кг) аз намуди кураш ва медалҳои биринҷиро Махсатулло Муъминов (55 кг) аз риштаи карате-до WKF, Акмал Убайдов (60 кг) бо Парвиз Каримов (90 кг) аз намуди бокс , Сарвар Абдушукуров (-66 кг) аз риштаи кураш ва Аҳлия Муъминова (-48 кг), Муҳиддин Асадуллоев (-73 кг), Абубакр Шеров (-81 кг) аз намуди ҷудо соҳиб шуданд.
Ёдовар мешавем, ки дастаи мунтахаби Тоҷикистон аз соли 1994 дар ин бозиҳо иштирок намуда, то ҳоло 46 медал гирифтааст, ки 8 медали тилло, 10 медали нуқра ва 28 медали биринҷӣ мебошад.