Ҷаҳонгир Маҷидов дар Бозиҳои Ҳамбастагии Исломӣ медали биринҷӣ гирифт
Дар шаҳри Риёзи Арабистони Саудӣ 6-умин Бозиҳои Ҳамбастагии Исломӣ ҷараён дорад. Дар доираи мусобиқаи ҷудо бо ҳунарнамоиҳои ҷолиби худ дар вазни 100 кг – Ҷаҳонгир Маҷидов ба гирифтани медали биринҷӣ мушарраф гардид.
Паҳлавони тоҷик Ҷаҳонгир Маҷидов имрӯз рақобатҳоро дар марҳилаи чаҳорякниҳоӣ оғоз карда, бо намояндаи Миср - Элрамли Умар нерӯсанҷӣ карда, мағлуб шуд ва ба даври тасаллобахш рафт.
Дар марҳилаи тасаллобахш Маҷидов бо Таҳман Зан Франк Улрик аз Камерун гӯштин гирифта, пирӯзӣ ба даст овард ва рақобатро барои нишони биринҷӣ идома дод.
Дар мубориза барои медали биринҷӣ Маҷидов муқобили Саид Садрудинов аз Баҳрайн музаффарият ба даст овард.
Ин панҷумин медали Тоҷикистон дар Бозиҳои Ҳамбастагии Исломӣ дар соли 2025 аст. Аз намуди кураш Шоҳида Қаландарова дар вазни 70 кг ва Муҳаммадшариф Наҷмиддинов дар вазни 81 кг ба гирифтани медалҳои биринҷӣ ноил шуда буданд. Мадина Қурбонзода аз риштаи ҷудо дар вазни 52 кг ба гирифтани медали нуқра ва Абубакр Шеров дар вазни то 73 кг ба гирифтани медали биринҷӣ шарафёб гардиданд.
Ёдовар мешавем, ки аз 7 то 21-уми ноябр дар шаҳри Риёзи Арабистони Саудӣ VI Бозиҳои Ҳамбастагии Исломӣ доир мегардад. Беш аз 3000 варзишгари 57 давлати узви Ассотсиатсияи варзишҳои ҳамбастагии исломӣ (ISSA) ширкат мекунанд.
Тоҷикистонро дар ин мусобиқа 134 нафар намояндагӣ мекунанд, ки аз ҷумла 54 нафар масъулину мураббиён, 7 нафар ҳайати роҳбарикунанда ва 69 нафар варзишгар аз рӯи 12 намуди варзиш мебошанд.